Бунёди бинои нави истиқоматӣ дар канори хонаҳои чаҳорошёна дар як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд боис ба норизоятии мардум шуд. Сокинон мегӯянд, ширкати "Нури Дар-Дар" иҷозаи мақомотро ба даст оварда, вале назари мардум ва зарфияти маҳалларо ба эътибор нагирифтааст. Намояндаи ширкат бовар дорад, сохтмони бино ба касеву чизе зиён нахоҳад расонд.
"Бо кадом калла?"
"Ба фикри мо, дар инҷо набояд бино созанд. Дар ин қитъа фарзандони мо бозӣ мекунанд. Худатон бинед, дар байни биноҳо дигар ҷой нест. Ин чӣ хел мешавад?" – шикоят кард Матлуба Асадуллоева рӯзи 13-уми январ.
Умар Усмонов, сокини дигари Хуҷанд, гуфт, "об намерасад, барқ намерасад, қубур (канализатсия) кафида меравад. Бо кадом калла дар инҷо бинои истиқоматӣ месозанд? Аз мо ва аз раиси маҳаллаи "Дӯстии халқҳо" иҷозат нагирифтанд. Раиси маҳалла танҳо дар рӯзи сохтмон бохабар шуд. Бояд моро огоҳ кунанд ва иҷозати мардумро бигиранд."
Ширкати "Нури Дар-Дар" қасд дорад, дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Хуҷанд барои ҳафтод оила бинои нӯҳошёна созад. Масъулонаш гуфтанд, иҷозаро барои сохтмон моҳи сентябри соли 2022 гирифтанд. Ба ҷуз бинои истиқоматӣ истгоҳи мошин ва майдони бозии кӯдакон низ хоҳанд сохт.
Ба қавли Садриқул Шербутаев, сармуҳандиси "Нури Дар-Дар", "бар асоси дархост ба мо заминро пешниҳод карданд. Аз 13 идораву мақомоти давлатӣ барои сохтмон дар ин қитъаи замин иҷозат дода шуд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Мушкили кӯҳнаи тарҳҳои нав
Бар асоси Феҳрасти давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ширкати "Нури Дар-Дар" соли 2013 ва дар ноҳияи Айнӣ сабтином шудааст. Бахши асосии кораш "фурӯши сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва гази моеъ" буда, ҳамагӣ чаҳор сол пеш иҷозатномаи махсусро барои сохтмони биноҳо ба даст овард.
Сокинони чанд хона дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Хуҷанд мегӯянд, бо бунёди биноҳои наву муосир мушкил надоранд, аммо сохта шудани хонаи "Нури Дар-Дар" дар маҳаллаи онҳо мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард.
Матлуба Асадуллоева гуфт: "Меъморону кормандони давлатӣ як бор омада бинанд, ки оё барои сохтмон дуруст аст ё не. Чизе бошад, имзо кардан мегиранд? Як бор бояд аз наздик бинанд."
Ӯ ва ҳамсояҳояш мегӯянд, ният доштанд, дар ҷойи бинои нав барои кӯдакон майдони варзишӣ созанд. Ҳоло мехоҳанд, ҳукумат дахолат кунад. "Аз сохтмон нав бохабар шудем ва акнун ба ҳама мақомот муроҷиат мекунем. Мо умед дорем, халқи бечораро дастгирӣ мекунанд," – гуфт Гулчеҳра Ҳакимова, сокини шаҳри Хуҷанд.
Бунёди биноҳои баландошёна солҳои охир ба монанди гӯшаҳои дигари Тоҷикистон дар Хуҷанд низ афзуда, вале аксар вақт баҳсбарангез будааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, моликони ширкатҳо манофеи пулии худро ба назар мегиранд. Намояндагони ширкатҳо мегӯянд, бунёди баландошёна танҳо пас аз омӯзиши тарҳ ва бо ризояти мақомот сурат мегирад.
Шаҳрдории Хуҷанд дар нишасти хабарии соли гузашта дар мавриди сохтмони биноҳои нав гуфта буд, ки аксари онҳо тибқи нақшаи генералӣ сохта мешаванд. Сокинон мегӯянд, сохтмони биноҳои нав мавқеи зисти онҳоро танг ва тақсими обу барқро мушкил мекунанд.
Гуфтугӯ