Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мансабдорони тоҷик бе ризоияти президент олим намешаванд? ВИДЕО


Соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон бо олимони тоҷик суҳбат карда буд.
Соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон бо олимони тоҷик суҳбат карда буд.

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ шарҳ дод, ки чаро мансабдорони тоҷик бе иҷозаи президент наметавонанд рисолаи илмӣ ҳимоя кунанд.

Қаблан ин ниҳод бо ирсоли номае аз Шӯрои илмии донишгоҳҳо хоста буд, ки рисолаҳои кормандони ниҳодҳои давлатиро танҳо пас аз иҷозаи президент баррасӣ кунанд.

Чунин расмиёт баъди он сурат гирифт, ки пойгоҳи мустақили "Диссернет" чандин мансабдори тоҷикро ба плагиат ё рӯйбардор кардани осори олимони дигар муттаҳам кард, ҳарчанд баъзе аз онҳо иттиҳомро напазируфтанд.

Манъ карданд ё ба низом дароварданд?

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, рӯзи сеюми август зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳадаф аз ин тасмим ба низом даровардани раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз сӯи хидматчиёни давлатӣ аст. "Хидматчиёни давлатӣ машғули кор ҳастанд ва машғул шудан ба кори илмӣ вақту заҳмати зиёдро талаб мекунад. Яъне, ҳам кори илмӣ ва ҳам хидмати давлатӣ кардан мушкил эҷод мекунад. Дар ин раванд комиссия эҳсос кард, ки баъзан зиёдарвию ҳолатҳои номатлуб ба назар мерасад. Мо манъ накардем, хостем ин ба низом дарояд. Яъне, иҷозаи расмӣ гиранд, ки ба кори илмӣ машғул мешаванд. Хостем, шаффофият дар доираи санадҳои меъёрӣ сурат гирад,"--афзуд, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ гуфтанд, пеш хоҳишмандони ҳимояи рисолаи илмӣ миёни мансабдорону хидматчиёни давлатӣ зиёд буд ва пас аз ҷорӣ намудани чунин расмиёт ин раванд ба танзим даромадааст.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки пойгоҳи интернетии "Диссернет" аз соли 2018 ба ин сӯ рисолаҳои олимони тоҷикро аз ғалбер гузаронда, навиштаҳои чанде аз онҳоро "плагиат” номид. Дар байни онҳо номи мансабдорони баландпояи тоҷик, аз ҷумла муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва ёвари раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон низ ҳастанд.

Чаро мансабдорон олим шудан мехостанд?

Як мақоми Комиссияи олии аттестатсионӣ қаблан бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "як замон ба онҳое, ки номзади илм буданд, дар гирифтани мансаб имтиёз медоданд. Аз ин рӯ, талош барои ҳимоя миёни мансабдорон авҷ гирифт ва онҳо бо ҳар роҳе мехостанд, “олим” шаванд".

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 дар мулоқот бо зиёиён аз ифшо шудани асардуздии олимони тоҷик танқид карда буд.

Танқидҳои ӯ баъд аз як силсила ифшогариҳои пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, садо дод. Он замон асардуздии беш аз 40 олими тоҷик ошкор шуда буд.

Ҳоло раҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ мегӯянд, асардуздӣ миёни олимони тоҷик кам шудааст, вале чизе ки онҳоро бештар нигарон намудааст, ин "ҷӯрабозӣ" дар байни олимон аст.

70 дарсад аз як маҳал

Абдулҳаким Розиқзода, раиси ин ниҳод, гуфт, "дар таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ ҳоло ҳам ҳамшаҳригиву ҷалби ҷӯраҳояшон ба назар мерасад". Вай таъкид намуд, ки бояд ҳар чӣ зудтар ба чунин раванд хотима дода шавад. "Ҳатто як шӯрое пешниҳод шуда буд, ки 70 дарсади аъзои шӯрои дисертатсионӣ аз як ҷамоат аст. Мутассифона чунин раванд аст, ки бояд аз доираи маҳаллу ҷурабозӣ бароем. Олими ҳақиқӣ аз доираи маҳал берунтар бояд барояд"-афзуд, ӯ.

Дар Тоҷикистон шӯроҳои диссертатсионӣ дар донишгоҳу дигар муассисаҳои илмӣ амал мекунанд. Тибқи иттилои Комиссияи олии аттестатсионӣ дар маҷмӯъ ба ин ниҳод аз сӯи муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо барои таъсиси шӯрои диссертатсионӣ 244 дархост ворид гардидааст, ки дархости 115 тои он қонеъ гардонида шудааст.

Нигаронии раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ аз вуҷуди "ҷӯрабозӣ" миёни олимони тоҷик дар ҳолест, ки масъалаи шаффофияти рисолаҳои илмӣ ва асардуздӣ аз сӯи олимони тоҷик борҳо мавриди интиқодҳо қарор гирифтааст.

Дар Тоҷикистон ҳам дуздии олимонро ошкор кардаанд

Намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ аз 10 ҳолати асардуздӣ хабар доданд, вале аз гуфтани исми афроде, ки даст ба чунин амал задаанд, худдорӣ намуданд.

Тибқи иттилои ин комиссия, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 30 рисолаи илмии олимони тоҷик аз барномаи компютерии "Антиплагиат" нагузаштаанд.

Дилшод Иброҳимзода, муовин раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин шумор 10 рисоли илмӣ дуздӣ баромада, дар боқимонда нақзи дигар меъёру расмиёт ошкор гардид.

Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ гуфтанд, пас аз ошкорсозиҳову ради корҳои илӣ ҳоло олимони тоҷик эҳтиёткор шудаанд. Ҳарчанд раиси ин ниҳод таъкид намуд, ки асардӯздӣ ҳоло кам шудааст, вале шубҳаву интиқодҳо аз рисолаҳои илмӣ ҳанӯз ҳам боқист.

Санҷиши диссертатсия ё рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон баъди он ҷиддӣ гирифта шуд, ки "Диссернет" – як пойгоҳи хусусӣ дар Русия – рисолаҳои баъзе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дод.

"Антиплагиат" барномаест, ки дар худ корҳои илмии ҳимояшудаи олимони кишварҳои пасошӯравиро захира кардааст ва нишон медиҳад, ки ҷумлаҳои рӯйнависи матн аз кадом сарчашма истифода шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG