Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду мансабдору як хабарнигор барои ҳамкорӣ бо "Ислоҳ ТВ"


Бинои додгоҳи вилояти Хатлон
Бинои додгоҳи вилояти Хатлон

Додгоҳи Хатлон ду мансабдор, як хабарнигор ва як сокини ноҳияи Панҷро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, ҳар якеро ба панҷ солу чор моҳи зиндон, маҳкум кардааст.

Додгоҳ Мавлуда Боймуродзода, собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ, Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”, Зоидов, сардори идораи давлатии бехдошти замин ва обёрӣ дар ин ноҳияро барои ҳамкорӣ бо “Ислоҳ -ТВ” муҷрим донистааст. Вазифаи фарди чоруми муҷозотшуда дар сомонаи додситонии кулли Тоҷикистон, ки ин хабарро рӯзи 29-уми декабр нашр кард, зикр нашудааст.

"Ислоҳ-ТВ", ки онро Муҳаммадиқболи Садриддин, як фаъоли мухолифин гардонандагӣ мекунад, дар Тоҷикистон ҳамчун шабакаи мансуб ба Ҳизби наҳзат мамнӯъ эълон шудааст.

Мақомот гуфтаанд, ки чор маҳкумшуда аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ -ТВ” шикоят кардаанд.

Назари адвокат ва афроде, ки маҳкум шудаанд, дастрас нест.

Дар гузашта боздошту муҷозоти сокинон барои нашри маълумотҳои танқидӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ "таъқиб барои танқид" номида буданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодии баёнро саркуб ва норозиёнро зиндонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG