Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия беш аз ду ҳазор муҳоҷирро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард


Шиносномаи русӣ
Шиносномаи русӣ

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар вилояти Калугаи ин кишвар беш аз ду ҳазор муҳоҷиреро пайдо кардаанд, ки бар асоси никоҳи сохта ё қалбакӣ соҳиби шаҳрвандӣ шудаанд.

Владислав Шапша, раиси вилояти Калугаи Русия рӯзи 28-уми декабр дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки беш аз ду ҳазор муҳоҷиреро, ки бо роҳи сохта соҳиби шаҳрвандӣ шуда буданд, аз ҳаққи доштани шиносномаи русӣ маҳрум кардаанд.

Ба гуфтаи раиси вилояти Калуга, онҳое, ки аз ин роҳ шаҳрвандӣ ба даст меоварданд, оқибати кори худро зоҳиран дарк кардаанд. Ӯ гуфтааст, 73 нафаре, ки барои сабти ақди никоҳ номнавис карда буданд, дар охирин лаҳза аз тасмими худ даст кашиданд.

Аз сӯи дигар, пас аз ҷанги Русия алайҳи Украина шиносномаи русӣ беқадр шудааст ва аксар кишварҳо ба соҳибони шиносномаҳои русӣ раводид ё виза намедиҳанд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, дар миёни беш аз ду ҳазор муҳоҷире, ки аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаанд, тоҷикон низ будаанд.

Издивоҷ бо шаҳрвандони Русия як шарти дарёфти шаҳрвандии ин кишвар аст.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Дар як соли ахир наздик ба 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.

XS
SM
MD
LG