Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВМКБ, Қирғизистон ва гилаи Эмомалӣ Раҳмон. Ҳодисаҳои муҳими 2022. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов

Радиои Озодӣ баъзе аз рӯйдодҳои муҳими соли 2022-ро дар Тоҷикистон дар наворе гирд овард.

ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН

Баҳси намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо фаъолон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ибтидои соли 2022 ба авҷи худ расид.

Гирдиҳамоӣ ва эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021, ки пас аз куштори сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз ёфта буд, моҳи майи имсол дар Хоруғу Рӯшон идома кард. Тибқи изҳороти расмӣ, Зиёбеков ба хотири муқовимат аснои боздошташ кушта шудааст. Наздиконаш гуфтанд, ӯ силоҳ надошт ва ба маъмурони интизомӣ муқовимат нишон надод.

Дар миёнаҳои моҳи май ҳукумат амалиёти ба қавли худ “зиддитеррористӣ”-ро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон раҳандозӣ кард. Дар рафти он беш аз 30 нафар, аз ҷумла раҳбари ғайрирасмии минтақа Мамадбоқир Мамадбоқиров кушта шуд. Даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия боздошт ва ба муддатҳои дароз зиндонӣ шуданд. Таъқиби фаъолони бадахшонӣ ҳанӯз хотима наёфтааст.

ХАБАРНИГОРОНИ ЗИНДОНӢ

Дар давоми соли 2022 ва ба вижа баъд аз амалиёт дар Бадахшон ҳукумати Тоҷикистон камаш 7 хабарнигору блогерро боздошт ва аз озодӣ маҳрум кард.

Муҳаммади Султон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7-солӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ба 8 сол, Далери Имомалӣ ба 10 сол ва Улфатхоним мамадшоева 21 сол зиндон маҳкум шуданд.

Мақомот онҳоро ба ифротгароиву ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва нашри ахбори дурӯғ айбдор кардаанд. Худашон мегӯянд, гуноҳе надоранд ва зери шиканҷа баёнот доданд. Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон озодии фаврии онҳоро хостаанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Аз таъқиби эътирозҳои Бадахшон то шикояти Эмомалӣ Раҳмон. Муҳимтарин ҳаводиси Тоҷикистон дар соли 2022
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00

МАРЗИ НООРОМ

Баҳси дигар, ки аз солҳои гузашта мерос монда, то ҳол ҳалли худро наёфтааст, таъйину нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Аз 14 то 17-уми сентябр дар сарҳад бузургтарин муноқиша байни ду кишвар аз замони истиқлол рӯй дод.

Тоҷикистон онро таҷовузи низомӣ ба қаламраваш номид. Қирғизистон низ айни иддаоро дорад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар даргириҳо беш аз 50 нафар кушта ва тақрибан 200 кас маҷруҳ шуданд. Дар натиҷаи даргирӣ 62 шаҳрванди Қирғизистон кушта шудааст, ки 40 нафар низомӣ будаанд. Тақрибан 200 кас ҷароҳат бардошт.

Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд ва бахше аз он аломатгузорӣ нашудааст.

ҶАНГ ВА ТОҶИКОН

Таҷовузи Русия ба хоки Украина ба ҳаёти мардуми Тоҷикистону садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷики муқими Русия таъсир гузошт. Тибқи гузоришҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зодагони Тоҷикистон дар ҳар ду тарафи ҷанг иштирок мекунанд.

Тобистони имсол Радиои Озодӣ дар бораи қатли камаш даҳ зодаи Тоҷикистон, ки аз тарафи Русия меҷангиданд, хабар дод. Шумораи тоҷикон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина маълум нест.

Дар моҳи сентябри соли 2022 президенти Русия Владимир Путин сафарбарии ҷузъии 300 ҳазор афсару сарбозро ба артиши Русия эълон кард. Ин тасмим аз як тараф, тоҷикони дорои душаҳрвандиро ба хидмат дар артиш водор намуда, аз тарафи дигар, ба муҳоҷирони тоҷик имкони босуръат ва боимтиёз гирифтани шаҳвандии Русияро фароҳам меорад. Баъди ин фармон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои сафарбарии даҳҳо тоҷик ба ҷанги Украина ҷой дода шуд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, рӯзи 15-уми октябр дар қисми низомии Белгороди ин кишвар яке аз чунин навсарбозон - шаҳрванди Тоҷикистон Эҳсон Аминзода бо як ҳамроҳаш, ки ӯ низ гуё шаҳрванди Тоҷикистон буд, дар ҷавоб ба таҳқири эҳсоси динӣ ба ҳамяроқонаш ҳамла карда, 11 нафарро кушт ва 15 каси дигарро захмӣ кард.

Аминзода ҳафт моҳ пеш ба Русия рафта буд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ба Русия барои кор рафта, ният надошт, дар артиши Русия хидмат кунад ва ё ҷанг дар Украина биравад.

Таҷовузи Русия ба хоки Украина ва нокомиҳояш дар ҷабҳа мавқеи Кремлро дар байни ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ сусттар кард.

ТАЛАБИ "ЭҲТИРОМ" Ё "ДАРХОСТИ ЁРӢ"?

Моҳи октябр дар як нишасте дар шаҳри Остона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад.

Ӯ дар нишасти кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Русия” гуфт: «Мо мехоҳем, ки моро ҳурмат кунанд. Магар мо кадом як бегона ҳастем. Мо ба сармоягузории зиёде эҳтиёҷ надорем. Владимир Владимирович аз шумо хоҳиш, ки дигар сиёсат нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ набошад.»

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гила кард, ки дар замони Шӯравӣ ба кишварҳои хурди Осиёи Марказӣ, мисли Тоҷикистон ба қадри кофӣ эътибор намедоданд ва як сабаби аз байн рафтанаш дар соли 1991 ҳамин беэътиноӣ ба миллатҳои хурд буд.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалқаҳои пажуҳишӣ ҳам инъикоси густурдае пайдо кард. Теъдоде аз пажуҳишгарон онро як нишонаи дигари камтар шудани нуфузи Владимир Путин баъд аз ҷанг дар Украина ва дар назди шариконаш номиданд. Аммо Ҷеннифер Муртазашвили, пажуҳишгари Бунёди Карнегӣ дар Твиттер навишт, «ман инро дархост барои кумак ва вобастагии бештар медонам, на дархост барои худмухторӣ.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG