Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал гуфт, Тоҷикистон 85 паноҳҷӯйи афғонро ихроҷ кард


Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон аз 16-уми август то 6-уми сентябри имсол 85 паноҷҳӯйи афғонро аз кишвар рондаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба ин кор поён бахшад. Мақомот то ҳол сабаби тасмими худро нагуфтаанд.

Намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти ихроҷи паноҳандагонро шарҳ дод. Дар посухи Комиссариат омадааст, ихроҷи 85 афғонистонӣ тасдиқ шуд, вале “мумкин аст, ҳолатҳое бошанд, ки Комиссариат намедонад.”

Манобеи боварбахши Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои кор бо паноҳҷӯён қаблан гуфта буданд, ки беш аз 100 муҳоҷири афғонистонӣ маҷбуран аз хоки Тоҷикистон берун карда шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон масъаларо шарҳ намедиҳанд ва ҳеч омореро ҳам пешниҳод намекунанд.

Масъулони Комиссариати олии Созмони Милал навиштаанд, тибқи маълумоти онҳо дар миёни ихроҷшудаҳо як нафар корти гурезагии СММ-ро дошт. Боқии ихроҷшудаҳо, ба қавли Комиссариат, аз мақомоти Тоҷикистон санад доштанд ва ё дар ҷустуҷӯи мақоми паноҳандагӣ буданд.

Муҳоҷирони афғонистонӣ дар моҳи август шикоят доштанд, ки мақомот бе огоҳӣ онҳоро аз кӯчаву хона гирифта, ба марз мебаранд ва маҷбуран ба тарафи Афғонистон мегузаронанд. Баъзе паноҳандагон Комиссариати олии Созмони Милалро барои хомӯшиаш дар ин бора танқид кардаанд.

Масъулони Комиссариат дар посухи худ ба Радиои Озодӣ навиштаанд, “аз ибтидо барои ҳимояи манфиати паноҳандагон ва қатъи ихроҷи онҳо, дар сатҳҳои гуногун” бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ карданд.

Комиссариати олии Созмони Милал рӯзи 25-уми август гуфта буд, маҷбуран ба кишварашон бозпас фиристодани муҳоҷирони афғонистонӣ ва афроде, ки аз таъқиб фирор кардаанд, "ғайриқонунӣ буда, ҷони онҳоро зери хатар мегузорад."

Масъулони Комиссариат ба Радиои Озодӣ навиштаанд, ин нигарониро бо мақомоти Тоҷикистон ва ҳам намояндаи кишвар дар Созмони Милал дар миён гузоштаанд. Вале мегӯянд, то ҳол “давлати Тоҷикистон дар мавриди ихроҷи паноҳҷӯён шарҳи дақиқе надодааст.”

Ин ниҳоди марбут ба Созмони Миллал аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки уҳдадориашро дар доираи Конвенсияи вобаста ба паноҳандагон иҷро кунад.

Ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Тоҷикистон дар солҳои охир камсобиқа буд. Паноҳандагон мегӯянд, онҳо аз тарси гуруҳи Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд ва агар ба кишварашон баргардонда шаванд, ҷонашон дар хатар аст. Гуруҳи тундрави Толибон як сол пеш зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 8,5 ҳазор паноҳанда ва гуреза ба сар мебаранд. Соли гузашта теъдоди онҳо қариб 14 ҳазор буд. Бештари паноҳандагон ба кишвари сеюм, аз ҷумла ба Канада рафтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG