Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Мурод: “Фақат ду қувва ҳаст. Аввал Худо, баъд халқ”


Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ
Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ

Гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ бо ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ -- Ҷӯрабеки Мурод.

Радиои Озодӣ: Соле, ки мегузарад, барои Шумо чӣ соле буд?

Ҷӯрабеки Мурод: “Соли ҷорӣ, ки то чанд рӯзе дигар ба поён мерасад, аз чанд ҷиҳат барои мо хотирмон буд. Рӯзи якуми октябр барномаи консертии Ҷонибек дар пойтахти кишвар бисёр ҳам хуб доир шуд. Моҳи ноябр даҳумин солгарди ташкилёбии дастаи шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”-ро дар Хуҷанд бо ҳузури мухлисону ҳаводорони зиёди ин мусиқии асил ва суннатии миллӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил кардем. Сипас, моро ба Ню-Йорки Амрико барои ширкат дар базми мусиқӣ- ҷашнвораи Big Apple Awards даъват карданд.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар замони Шӯравӣ машҳур ва соҳиби обрӯ шудед. Мегӯянд, аз сабаби он ки бо роҳбарон наздик будед, соҳиби ҷоиза ва унвонҳо гардидед...

Ҷӯрабеки Мурод: “Дар он давра асосан барои ҳунармандони операву балет, барои нақшофаринӣ, яъне актёрони театру кино унвони Артисти халқии СССР дода мешуд. Ҳофизони мардумӣ, ки сурудҳои халқӣ месароиданд, бо чунин унвон сарфароз намешуданд. Вақте номзадии маро барои дарёфти ин ҷоизаи мӯътабар пешниҳод карданд, шурӯъ карданд ба нависонавис ва номаҳои беимзову боимзоро ба муқобили ман ба вазорати фарҳанги СССР фиристоданд. Вазорати маданияти СССР баъди шаш моҳ номзадии маро рад кард. Ҷаббор Расулов, роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ, сахт ранҷид, ки чаро як ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад вале дар марказ нодида мегиранд. Соли 1978 маротибаи дуввум номзадии маро пешниҳод карданд. Аммо шарт гузоштанд, ки бояд имтиҳон бисупорам. 12 декабри соли 1978 дар театри операи Маскав консерти ҳисоботии ман баргузор шуд. Хулоса, барои санҷиши маҳорати банда кумиссиюнеро дар ҳайати 17 нафар аз Кумитаи маркзаии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ, Шӯрои вазирон, Вазорати маданияти СССР ташкил карданд. Ман бо шеъри “Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун” ба саҳна баромадам. Шояд аз бахту толеъ, лутфи Худои меҳрубон буд, ки тамоми тамошобинон аз ҷо бархоста кафкӯбӣ мекарданд. Баъд, сардори он кумиссиюн, ҷонишини вазири маданияти СССР профессор Кухарски, ки камтар мелангиданд, “что еще за пророк” гуфта, бо ҳабдаҳ нафар аъзои кумиссиюн аз ҷой бархостанд. Ман дар пеши халқ соф ҳастам."

Шакли комили гуфтугӯро дар ин ҷо бишнавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:15 0:00
Линки мустақим


Дар акс: Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори "Озодӣ" (аз тарафи чап) бо ҳамроҳии овозхони саршинос Ҷӯрабеки Мурод (аз тарафи рост)
Дар акс: Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори "Озодӣ" (аз тарафи чап) бо ҳамроҳии овозхони саршинос Ҷӯрабеки Мурод (аз тарафи рост)
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки дар он замон барои истифода аз либоси милливу мардумӣ як каме маҳдудиятҳо ҷо дошт. Масалан, намегузоштанд, ки бо ҷома ба саҳна бароед...

Ҷӯрабеки Мурод: “Бале, бо вуҷуди ин ман он вақт либоси миллӣ ба бар кардам. Баъди он боз дар ҷашни ҳазорсолагии ҳазрати Сино. Либоси миллӣ бе саллаву тоқӣ намешавад. Аммо як нафар котиби дуюми ҲК Тоҷикистон гуфтааст, ки ин мулло кӣ аст? Баъд маро ба Кумитаи бехатарӣ даъват карданд. Ман гуфтам, ки охир аз Рӯдакӣ сар карда, ҳама бузургони мо салла доштанд, магар ҳамаи онҳо мулло буданд. Дар замони СССР калимаи Худоро намемонданд, ки дар эфир пахш шавад. Мисол, дар суруди Лоиқ “Хосияти дукокула”, мисраи “Умед дорам аз Худо, туро кунад насиби ман”-ро каме дигар карда ин тавр мехондем, “умед дорам аз худат”Хуб, ин ҳарфҳои замони гузашта буд, имрӯз дар даврони Истиқлолият муносибат бо мо чӣ тавр шуд? Дар як ҷамъомад роҳбари давлат бо низомиён мулоқот кард, ки мебоист дар ин маросим ман ҳам як суруд мехондам. Ман ин сурудро омода карда будам:

Ҳаст ҳар гуна гариҳо дар забони модарӣ,
Заргарӣ, савдогарӣ, ғоратгарӣ, иғвогарӣ.
Ҳар гарӣ як сӯз дорад, як амал, як ҷозиба,
Лекин аз ҷамъи гариҳо беҳтар аст одамгарӣ.


Ин сурудро дар замони СССР мехондам, касе чизе намегуфт. Ин навбат нагузоштанд. Шояд калимаҳое мисли “ғоратгарӣ” ба онҳо маъқул нашуд. Ман ҳайрон шудам, ки чаро нагузоштанд ин сурудро хонам."

Ҷӯрабеки Мурод дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе
Ҷӯрабеки Мурод дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе
Радиои Озодӣ: Чаро дар телевизиони Тоҷикистон Шуморо нишон намедиҳанд?

Ҷӯрабеки Мурод: “Шояд барои тоҷикӣ хонданам бошад. Ман артисти халқии 15 ҷумҳурӣ. Ман метавонам дар дигар ҷумҳурӣ рафта дар телевизион баромад кунам, ягон монеае намешавад. Ман бо худи раиси Кумитаи радиову телевизион рӯ ба рӯ сӯҳбат кардам, маро худи президент даъват карданд, ки дар ноҳияи Рашт консерт диҳем. Вақте он консертро дар эфир пахш мекарданд, ҳамин ки навбати ман расид ё реклама нишон медиҳанд ё ҳамон ҷоро мебуранд. Дар консерти Хуҷанд ҳам ҳамин тавр карданд. Дар Бадахшон ҳам. Охир ман ҳамроҳи худи президент мерафтам. Ман аз раиси Кумитаи телевизион ва радио пурсидам, ки чаро чунин мекунед. Гуфтанд аз ин хабар надоранд.”

Радиои Озодӣ: Имрӯз сиёсатмадорони мо то чӣ ҳад аз аҳволи мардум бохабаранд?

Ҷӯрабеки Мурод: “Сулҳ шуданаш худ як хушбахтӣ аст. Аҳволи давлатҳои арабиро дида ман ҳайрон шудам. Як чунин хулоса ҳам баровардам, ки ба халқ наздик шудан даркор будааст, халқ агар гап назанад ҳам, аммо ҳама корро ба тарозу бармекашад. Ҳамин ягон нафари солхӯрдаро, бобоҳоямон ё бибиҳоямонро бигӯем, ки як дуо диҳед, мегӯянд, ки оқибати корат ба хайр шавад. Ҳар як бандаро, маро, Шуморо оқибати корамон ба хайр шавад. Сиёсатмадорон бояд, ки аз шеър, оҳанг, деҳқонӣ бохабар бошанд. Агар роҳбариро мехоҳанду мехоҳанд роҳбарӣ кунанд, бояд аз аҳволи халқ хабардор бошанд. Халқ бузург аст. Барои манфақат ду қувва вуҷуд дорад, аввал Худо баъд халқ. Бо халқ зиёд шӯхӣ кардан намешавад. Барои ҳамин роҳбар бояд зирак бошад.”

Ҷӯрабеки Мурод
Ҷӯрабеки Мурод
Радиои Озодӣ: Вале бисёриҳо мегӯянд, ки Ҷӯрабек ҳамеша дасташ пеши бар ва ҳатто бо нафароне, ки намехоҳад даст болои сина сухан мекунад ва баъзан нафаронеро ситоиш мекунад, ки шояд дар дил чандон хуш надорад...

Ҷӯрабеки Мурод: “Инро барои халқ мекунам, на барои каси алоҳида. Маро падару мадарам чунин тарбият карданд. Ҳамин даст пеши бар салом додани маро дирӯз дар Амрико ҳам хуш қабул карданд ва ҳар нафар ҳунарманде, ки баъди ман ҳунарнамоӣ кард, чунин кард. Чизи хубро дер мегиранду дер давом медиҳанд, чизи бадро зуд мегиранду зуд аз даст медиҳанд.”

Навор аз бойгонии "Озодӣ": Ҷурабеки Мурод, ҳунарманди хастагинопазир

 Ҷурабек Муродов, ҳунарманди хастагинопазир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:08 0:00
Линки мустақим

Зиндагиномаи Ҷӯрабеки Мурод

Ҷӯрабеки Мурод, овозхони шинохтаи тоҷик, соли 1942 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш деҳаи Куруд ба анҷом расонида, сипас таҳсилро дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд идома медиҳад.

Аз соли 1963 то соли 1992 ба унвони овозхон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то 1995 депутати Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Соли 1974 бо унвони “Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон” ва соли 1978 сазовори унвони “Артисти Халқии СССР” мешавад.

Барои нақши муассираш дар рушди санъати овозхонии тоҷик соли 1987 барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст. Муаллифи панҷсад оҳанг буда, тайи панҷоҳ соли фаъолият дар саҳна 2 ҳазор суруд сароидааст. Ҳоло роҳбарии дастаи ҳунарии “Нури Хуҷанд”-ро дар шаҳри Хуҷанд бар ӯҳда дорад. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
XS
SM
MD
LG