Дар пайи танқидҳои густурда аз тасмими Толибон дар бораи бастани дари донишгоҳҳо ба рӯи духтарон дар Афғонистон, Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон аз ин тасмим дифоъ кардааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати Толибон аст, гуфтааст, тасмим дар бораи манъи духтарон аз рафтан ба донишгоҳҳо, ба чор далел рӯи даст гирифта шуд.
"Як мушкил ин буд, ки хобгоҳҳои духтарон дар вилоятҳои мухталиф фаъол буд ва онҳо аз як вилоят ба вилояти дигар барои моҳҳо сафар мекарданд ва иқомат доштанд. Сафар бе маҳрам мушкили асосӣ буд. Мушкили дувум ин буд, ки донишомӯзони духтар ҳангоми рафту омад ҳиҷобро ба таври комил риоят намекарданд. Мушкили дигар низ ин буд, ки низоми омехта байни зан ва мард дар аксари донишгоҳҳо хатм нашуда буд ва мушкили чаҳорум ин буд, ки дар барномаи таълимии феълӣ баъзе риштаҳое аст, ки бо шаън, иззат ва виқори табақаи занон ва фарҳанги афғонӣ созгорӣ надорад, монанди бахшҳои муҳандисӣ, зироат ва баъзе риштаҳои дигар".
Ӯ афзудааст, ки ҳукумати Толибон чаҳордаҳ моҳ муҳлат дода буд, ки дар ин мавридҳо ислоҳот биёяд, аммо ин кор ба гуфтаи ин мақоми баландпояи Толибон, "сурат нагирифтааст".
Вазорати таҳсилотии олии ҳукумати Толибон рӯзи сешанбе бо фиристодани номае эълон кард, ки донишгоҳҳо ба рӯи духтарон то "тасмими баъдӣ" баста хоҳанд буд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати маорифи ҳукумати Толибон дар як мактуб мегӯяд, бар асоси тасмими кабинаи вазирони ин гурӯҳ, мактабҳои донишомӯзони духтарони болотар аз синфи шашум ва курсҳои омӯзишӣ ба рӯи духтарон то "амри баъдӣ" таътил хоҳанд буд.
Ин дар ҳоле аст, ки мактабҳои миёна ва литсейҳои духтарона аз замони бозгашти Толибон ба қудрат дар 15-уми августи соли 2021 баста мебошанд. Аммо гуфта мешавад, ки ин мактабҳо дар баъзе аз вилоятҳо қисман боз будаанд.
Дар ин мактуб ба имзои Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Оғо, сарпарасти Вазорати маорифи Толибон, ки рӯзи панҷшанбе содир шуд, ба тамоми раёсатҳои маориф дастур дода шудааст, ки онро ба таври муносиб иҷро кунанд.
Пеш аз нашри ин нома, муаллимаи яке аз мактаби духтарона дар шаҳри Кобул ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ ва ҳамкоронаш рӯзи чаҳоршанбе дар мактаб аз сӯи Толибон таҳдид шуданд. Вай, ки бинобар сабабҳои амниятӣ нахост, номаш зикр шавад, афзуд, "Толибон бо силоҳҳои вазнин вориди мактаб шуданд. Ҳамроҳи мудир ва ду муаллимаи дигар мехостем, ки аз мактаб берун шавем. Бо лаҳни зишт ба мо гуфтанд, ки чаро то ба ҳол инҷо ҳастед, биравед ва то амри баъдӣ ҳақ надоред, ки дар мактаб бошед".
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз духтарон дар вилояти Тахор мегӯянд, ки Толибон онҳоро рӯзи панҷшанбе аз як маркази омӯзишии хусусӣ ихроҷ карданд ва барояшон гуфтанд, ҳаққи омӯзиш ва таҳсилро надоранд. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" ба нақл аз Зуҳали 15-сола, яке аз ин донишомӯзон гузориш додааст, ки Толибон духтаронро задаанд.
Аз сӯи дигар, дар як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки Толибон дар шаҳри Толиқон ба сӯи духтарони эътирозгар об пошидаанд. Бар асоси гузоришҳо, ин духтарон дар эътироз ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯи онҳо, даст ба тазоҳурот зада буданд.
Рӯзи панҷшанбе шаҳри Кобул ҳам шоҳиди тазоҳуроти даҳҳо тан аз занон ва духтарон буд. Онҳо хоҳони ҳаққи омӯзиш ва таҳсили духтарон шуданд. Бархе аз эътирозгарон дар Кобул гуфтанд, Толибон бо онҳо аз хушунат кор гирифтанд ва шуморе аз муътаризон ва хабарнигоронро боздошт карданд. Толибон аммо дар бораи эътирозҳо дар Кобул ва Тахор ҳанӯз чизе нагуфтаанд.
Ҳамзамон, бар асоси гузоришҳо, 70 устоди донишгоҳҳо дар шаҳрҳои гуногуни Афғонистон дар эътироз ба тасмими манъи таҳсили духтарон, аз мақомҳои худ истеъфо додаанд. Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳам аз ин тасмими Толибон интиқоди сахт карданд.
Гуфтугӯ