Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ мегӯяд, дар низои марзӣ “60 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд”


Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки раҳбараш узви порлумон аст, дар баёнияе шумори кушташудаҳоро дар низои марзӣ бо Қирғизистон 60 нафар ва захмиёнро садҳо нафар номид. Даргирӣ рӯзҳои 14-17-уми сентябр рӯй дод.

Саидҷаъфар Усмонзода аз кумисюни байниҳукуматӣ дар масъалаи таъину нишонагузории марз хостааст, ҳарчӣ зуд хати сарҳадро муайян карда, ба ҷанҷолҳо хотима диҳанд.

Ӯ рӯзи 18-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо бар асоси наворҳое, ки дар Фейсбук нашр шуданд ва баъди суҳбат бо сарбозон дар ҷойи ҳодиса ва сокинони Чоркӯҳу Ворух ҳамин рақамро мушаххас кардем. Шумораи кушташудаҳо, мумкин аст, бештар аз ин бошад.”

Мақомоти давлатии Тоҷикистон адади муайянеро номбар накардаанд. Танҳо дар хабарномаи ВКХ Тоҷикистон аз аз ҳалокати 30 ғайринизомӣ ва ду марзбон сухан меравад.

Усмонзода мегӯяд, ҷониби Қриғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин, аз ҷумла дронҳо тавонистааст, ба Тоҷикистон талафоти бештар ворид кунад ва ин “як навъ намоиши қудрат аз тарафи ҳамсоя аст”.

“Тавре дар баёния зикр кардем, ҳар навбат, ки оташбас мешавад, тарафи Қирғизистон боз даст ба оташкушоӣ мезанад. Ин барои мо нигаронкунанда аст,” – гуфт ӯ.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон илова кард, мушкили асосие, ки сабаби даргириҳост, кашолкории Кумисюни муштарак дар масъалаи таъину нишонагузории марз аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG