Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаромуз Иргашев ба дуввумин ҷазои сахт дар Тоҷикистон маҳкум шуд


Фаромуз соли 2020 эълон кард, ки мехоҳад, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад, вале ҳеч ҷо сабти ном нашуд.
Фаромуз соли 2020 эълон кард, ки мехоҳад, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад, вале ҳеч ҷо сабти ном нашуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон яке аз фаъолони мадании Бадахшонро, ки мехост, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунаду, рақиби Эмомалӣ Раҳмон шавад ба 30 соли зиндон маҳкум кардааст.

Фаромуз Иргашев ҳуқуқдон ва довталаби сабтиномнашудаи курсии президентӣ дар интихоботи соли 2020 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокима мешуд. Дар бораи судури ҳукми додгоҳ Гулчеҳра Акимбекова, ҳамсари Фаромуз Иргашев рӯзи 9-уми декабр дар саҳифааш дар Инстаграм хабар додааст.

Ҳарчанд ӯ нагуфтааст, ки ҳукм кай содир шуд, вале навиштааст, зоҳиран 30 соли оянда ва ё “то охири умр” бо суолҳои “чаро ва барои кадом коре” зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ афзудааст: “Суолҳое, ки на аз Худованд ва на аз инсоне барои онҳо ҷавоб гирифта наметавонам.”

Мақомоти расмӣ ва ё додгоҳ ҳеч хабаре дар бораи ҳукми Фаромуз Иргашев нашр накардаанд. Фаромуз Иргашевро додситонӣ ба ҷиноятҳои сангин аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мекард ва рӯзи 1-уми декабр аз додрас хоста буд, ӯро ба 30 соли зиндон маҳкум кунад.

Сӣ соли зиндон баъди зиндони якумрӣ бадтарин ҷазо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Фаромуз Иргашев, зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумлаи даҳҳо фаъоли бадахшонӣ аст, ки тобистони имсол бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳо дар Хоруғу Рӯшон боздошт шуданд.

Ин ҷавон узви “Комиссияи 44”, як гуруҳе буд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомот сабаби эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшонро таҳқиқ мекард. Мақомот ин комиссияро гурӯҳи ҷиноятӣ номиданд ва фаъолони онро боздошт карданд. Наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро беасос медонанд.

XS
SM
MD
LG