Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурои амнияти Эрон теъдоди кушташудагони тазоҳуротро эълон кард


Тазоҳурот дар Эрон моҳи сентябр оғоз ёфт ва дар саросари кишвар паҳн шуд.
Тазоҳурот дар Эрон моҳи сентябр оғоз ёфт ва дар саросари кишвар паҳн шуд.

Шӯрои амнияти Эрон рӯзи 3-уми декабр эълон кард, ки дар натиҷаи тазоҳуроти саросарӣ, ки аз моҳи сентябр оғоз ёфт, 200 нафар кушта шудаанд, оморе, ки дар муқоиса ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ бисёр кам аст.

Дар баёнияи шӯро омадааст: “Дар ошӯбҳои ахир 200 нафар ҷон бохтаанд.” Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон чанде пеш гуфт, ки теъдоди кушташудагон 300 нафар аст. HRANA – хабаргузории ҳомиёни ҳуқуқи Эрон рӯзи 29-уми ноябр хабар дод, ки дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ то кунун 459 нафар аз ҷумла 64 ноболиғ кушта шудаанд.

Тазоҳурот бар зидди ҳукумат ва барои он бархост, ки маъмурони пулиси ахлоқ Маҳсо Аминӣ як духтари эрониро барои ба гуфтаи онҳо нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дастгир карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурданд.

XS
SM
MD
LG