Пайвандони як зани ҷавон дар ноҳияи Варзоб ба гум шудани ӯ хонаводаи шавҳарашро муқассир донистанд. Иддаое, ки ҷониби дигар рад карда, мегӯяд, ӯ барои муоина ба назди духтур рафту дигар барнагашт. Рӯзигули Маҳмадсаид 13-уми октябр боз бедарак аст. Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ки ӯро меҷӯянд, аммо то ҳол ҳеч нишонаашро наёфтанд. Касе ҳам боздошт нашуда.
Рӯзигули Маҳмадсаид, сокини Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, се сол пеш бо ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя издивоҷ карда, ду кӯдак дорад. Волидонаш гуфтанд, ӯ дар хонаи шавҳар "азоб дошт" ва бедарак шуданаш бесабаб нест.
"Мепурсидам, ки зиндагият хуб аст? Хушдоманат чӣ хел? Мегуфт, онҳо гуфтан мегиранд, аҳамият намедиҳам. Ман ҳам мегуфтам, майлаш, ҳама азоб мекашад, ту ҳам саратро хам кардаву зиндагӣ кун," -- гуфт Булбул Мусофирова, модари Рӯзигул, рӯзи 29-уми ноябр.
Ба нақли волидон, мушкили духтарашон дар хонаи шавҳар пас аз он оғоз шуд, ки ӯ фарзанди аввалро ба дунё овард. "Вақте таваллуд кард, гуфтанд, кӯдакро ба хонаи худатон баред. Овардему нигоҳ кардем. Дертар гуфтанд, гаҳворабандон кунед. Яке аз наздикон мурда буд, ин корро накардем. Аз ҳамон вақт сар шуд. Хушдоманаш доим мегуфтааст, ки падари ту гаҳвора наовард," – гуфт Муҳаммадсаид Авазов, падари Рӯзигул.
Шавҳараш мегӯяд, бо Рӯзигул ҳеч мушкиле надошт. Баракатуллоҳ Ашӯров рӯзи 29-уми ноябр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш аз бедарак шудан якҷоя ба бозор рафта, барои ӯ либос хариданд.
"Субҳи дигар гуфт, ба бемористон меравад, вале дигар барнагашт. Намедонам, чаро қаҳр карда рафт. Бо хонавода соз буд. Намедонам чӣ кор кард," –гуфт ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Шавҳари Рӯзигул дар ҳоле чунин мегӯяд, ки волидони духтар иддао доранд, ӯ борҳо бадрафторӣ дидааст, аз ҷумла аз сӯи хушдоманаш. Онҳо мегӯянд, аз зиндагии сахти духтарашон сокинони маҳалла ҳам хабар доштанд.
Иноятулло Раҳмонов, раиси маҳаллаи Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, гуфт, “вақте бо хушдоманаш мушкиле дошт, мо ҳамроҳи намояндаҳои ҳукумат ва Идораи занон рафтем. Ӯро дубора ба хонаи шавҳараш бурда будем.”
То лаҳзаи таҳияи гузориш назари хушдомани Рӯзигул дастрас нашуд. Падараш Муҳаммадсаид Авазов гуфт: “Мехоҳам, духтари маро ёфта диҳанд. Ман амонат дода будам, амонатро баргардонанд.”
Бедарак шудани модари ду фарзанд, ки ба иддаои волидонаш дар хонаи шавҳар азоб дошт, замоне расонаӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” идома дорад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зӯроварӣ ба зан ва умуман хушунати оилавӣ, нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон аст, ки натанҳо зиндагии миллионҳо зану духтарро дар ҷаҳон зеру забар мекунад, балки монеи пешрафти ҷомеа мешавад.
Зулайхо Усмонова, пажуҳишгари масоили занон, мегӯяд, то замоне ки арӯсҳо дар оилаи шавҳар мисли фарзанд қабул карда намешаванд, зиндагии келину хушдоман зери як бом осон нахоҳад буд. "Бояд риояи ҳуқуқи инсон дар хонаводаҳо ҳам ҷорӣ шавад. Келин ҳам инсон аст ва мо набояд ҳуқуқи ӯро поймол кунем,” – гуфт ӯ.
Бар асоси омори расмӣ, давоми як соли гузашта наздик ба 3500 ҳазор зан аз зӯроварӣ дар оила шикоят кардаанд. Ин омор нисбат ба соли пеш ҳазор ҳолат бештар будааст.
Ҳоло хонаводаи Рӯзигул умед доранд, ӯ дар ҳар куҷое ҳаст, ба назди кӯдаконаш бармегардад. Кӯдаконе, ки ҳанӯз аз бедарак шудани модар хабаре надоранд.
Гуфтугӯ