Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бебарқӣ кай поён меёбад?" Суол аз чаҳор гӯшаи Тоҷикистон. ВИДЕО


Камбуди нерӯи барқ дастрасии сокинони як маҳалларо дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба об мушкил ва зиндагияшонро сахт кардааст. Онҳо аз мақомот мепурсанд, ки масъала кай ҳал хоҳад шуд. “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум тасдиқ карда, аммо муҳлати анҷомашро нагуфтааст.

Рӯзгори сахти Сафармоҳ ва ҳамроҳонаш

Сафармоҳ Бобохонова, яке аз сокинони маҳаллаи Тутуи ноҳияи Муъминобод, мегӯяд, аз соати ҳашти субҳ то бегоҳӣ барқ надоранд. Ӯ рӯзи 21-уми ноябр вазъро чунин шарҳ дод: “Бегоҳ барқ меояд, вале боз дар соати даҳи шаб қатъ мекунанд. Як моҳ боз об надорем. Барқ нест, дастгоҳҳои обкашӣ кор намекунанд. Азоб дорем. Роҳамон барои обкашӣ дароз аст.”

Сокинони гӯшаҳои дигари Тоҷикистон низ ба ин монанд шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, дар шабонарӯз 6-7 соат ва гоҳе 5 соат бо барқ таъминанду бас.

Вафохон Авлиёев, сокини ҷамоати Сурхи шаҳри Исфараро пайҳам “мурдан”-и нерӯи барқ нигарон кардааст. Ҷумъагул Азизова, сокини маҳаллаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат, дар фикри бештар захира кардани ҳезуму ангишт аст.

Мегӯяд, моҳи дувум аст, ки барқро бо маҳдудият мегиранд, ҳарчанд маблағи истифодаашро саривақт месупоранд. “Ангишт гарон шудааст, вале бе он намешавад. Бояд захира кунем. Хонаҳо хунук, кӯдакон азоб мекашанд. Бухории бобоӣ дорем, ҳезум мемонему оташ мегиронем. Чою хӯрокро гарм мекунем,” – нақл кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Шикояти сокинони гӯшаҳои Тоҷикистон аз бебарқӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

“Аз мо вобаста нест.” Аз кӣ вобаста аст?

Ба ин монанд шахсони зиёде аз минтақаҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ нома мефиристанд. Онҳо мепурсанд, сабаби камбуди барқ чисту кай пурра гармиву рӯшноӣ хоҳанд гирифт?

Рӯзи 22-юми ноябр дар ширкати "Барқи Тоҷик" касе ҳозир нашуд, кай бартараф шудани маҳдудияти интиқоли барқро шарҳ бидиҳад. Як корманди ниҳод бе зикри номаш кӯтоҳ посух дод, ки “ҳалли мушкил аз мо зиёд вобаста нест”.

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" 12-уми октябри имсол дар эъломияе тасдиқ карда буданд, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст, вале онро на хости худашон, балки зарурат донистанд.

Он замон гуфта буданд, ҳарчанд обанбори "Норак" то нуқтаи охирин пур аст, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираи об вуҷуд дорад. Ин вазъ, ба гуфтаи масъулон, имсол норасоии барқро "ба миқдори беш аз як миллиард киловатт-соат" ба миён оварда.

“Аввал мардуми худ, баъд Афғонистон”

Иқтисоддон Абдураҳмон Ҳакимзода иддаои “Барқи Тоҷик”- ро дар мавриди камбуди об беасос медонад. Вай мегӯяд, мушкил дар низоми ноустувори бахши энержист.

“Тоҷикистон 10 миллион аҳолӣ дорад. Агар нерӯгоҳҳо дуруст истифода шаванд, набояд мушкил пеш ояд. Гузашта аз ин, ба корхонаҳои бузург барқро бемамоният медиҳанд, аммо барои сокинон мушкил пеш меоранд. Ин ҳам дуруст нест,” – гуфт ӯ.

Ҳакимзода таъкид кард, дар айёми сармо ва дар ҳоле ки сокинони кишвар аз бебарқӣ азият мекашанд, содироти он ба хориҷи кишвар набояд сурат бигирад. Вай афзуд: “Аз рӯйи шуниди мо, ба Афғонистон барқ содирот карда мешавад. Ман ба ин фикрам, ки аввал бояд талаботу эҳтиёҷи мардуми Тоҷикистон таъмин карда шавад. Дар сурати зиёд шудан, баъд барқро ба кишварҳои ҳамсоя содирот кунем.”

Кобул яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон аст. Дар шаш моҳи аввали имсол аз кишвар ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат нерӯи барқ содирот шудааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 276 миллион киловат соат бештар аст.

Дар "Барқи Тоҷик" шарҳ надоданд, ки ин шабу рӯз ба кишвари зери раҳбарии Толибон чӣ миқдор барқ медиҳанд. Аммо мақомот пештар эътироф карда буданд, ки қарзи Афғонистон аз истифодаи барқи Тоҷикистон афзудааст.

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфта. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як моҳ пеш дар шаҳри Норак эътироф кард, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҳасту муваққатист, вале нагуфт, ки кай ва чӣ гуна ҳал хоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG