Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек маълум шуданд


Токтогонов Бекболот, барандаи медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо.
Токтогонов Бекболот, барандаи медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо.

Рӯзҳои 11-13-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо баргузор шуд, ки дар он варзишгарони беш аз 50 кишвар ширкат варзиданд, аммо паҳлавонони тоҷик иштирок накарданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек варзишгарон аз Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон ва Узбекистон ҳунарнамоӣ карданд. Бо қарори кумитаи иҷроияи FIAS варзишгарон аз Беларус, Русия, инчунин Фаронса таҳти парчами Федератсияи байналмилалии самбо ширкат варзиданд. Ҳамчунин аввалин бор дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дастаи гурезаҳо иштирок намуд.

Чунон ки ба Радиои Озодӣ дар Федератсияи самбои Тоҷикистон гуфтанд, сабаби ба Бишкек нарафтани варзишгарони тоҷик ба муноқишаҳои марзӣ миёни ҳарду кишвар бастагӣ дорад. Бинобар ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба Федератсияи самбои кишвар тавсия додааст, ки барои амнияти варзишгарон аз сафар ба Бишкек худдорӣ намоянд.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон мунтазам иштирок карда, ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Се паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ ва ду нафари дигар – Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов - дар намуди самбои размӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов, ки соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило медали тило гирифт, ба Радиои Озодӣ гуфт, «ман ба чемпионати ҷаҳон омодагии хуб дидам ва мақсад доштам, ки бори дуюм барандаи медали тило шавам. То ҳоло касе ду бор аз Тоҷикистон дар ин намуд қаҳрамони ҷаҳон нашудааст. Мутаассифона, мо натавонистем, ки ба Бишкек равем. Ҳамакнун ба мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар соли 2023 умед мебандам.»

Дар мусобиқаи асосии мавсими имсола, ки бори нахуст дар пойтахти Қирғизистон доир гардид, рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ миёни мардон ва занон, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон сурат гирифт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек варзишгарон барои 21 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин 7 вазн байни мардон оид ба самбои размӣ) мубориза бурданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек 231 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба варзишгаре, ки медали тило гирифт, 4000 доллар,

барои медали нуқра – 3000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 2000-долларӣ супурда шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкеки Қирғизистон

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Хертек Саян (ФИАС 1)

2. Айдубай Каюрбердӣ (Қазоқистон)

3. Янаков Борислав (Булғористон

3. Ружев Достон (Узбекистон)

64 кг

1. Коссеков Муҳаммет (Туркманистон)

2. Багиров Элвин (Озарбойҷон)

3. Манукян Максим (Арманистон)

3. Олимҷонов Сардор (Узбекистон)

71 кг

1. Шамил Зилфиқоров (ФИАС 1)

2. Уланбеков Феликс (Қирғизистон)

3. Ягенбаев Какагелдӣ(Туркманистон)

3. Куятай Арнур (Қазоқистон)

79 кг

1. Скрябин Станислав (ФИАС 1)

2. Балтаев Бегенч (Туркманистон)

3. Даваадорҷ Тумурхулег (Муғулистон)

3. Харков Иван (Булғористон)

88 кг

1. Сергей Рябов (ФИАС 1)

2. Григорян Давид (Арманистон)

3. Асулбек Уулу Жамалбек (Қирғизистон)

3. Гвиниашвили Паата (Гурҷистон)

98 кг

1. Коновалов Антон (ФИАС 1)

2. Лориагвили Давити (Гурҷистон)

3. Симин Иосиф (Исроил)

3. Бегалиев Гуванч (Туркманистон)

+98 кг

1. Токтогонов Бекболот (Қирғизистон)

2. Дамдинсурен Пуревдорҷ (Муғулистон)

3. Хоҷамуҳаммедов Батир (Туркманистон)

3. Антон Брачев (ФИАС 1)

Занон

50 кг

1. Гуэдез Мария Амуюлина (дастаи гурезаҳо оид ба самбо)

2. Капаева Анфиса (ФИАС 2)

3. Ҳасанова Екатерина (ФИАС 1)

3. Сампос Луизиана (Венесуэла)

54 кг

1. Купава Алена (ФИАС 2)

2. Сишикова Елизавета (ФИАС 1)

3. Гуэдез Мария (Венесуэла)

3. Алмуханбетова Гулдона (Қазоқистон)

59 кг

1. Уварова Светлана (ФИАС 1)

2. Бувалда Саша (Нидерланд)

3. Форне Лаура (ФИАС 3)

3. Биханская Яна (ФИАС 2)

65 кг

1. Карина Череван (ФИАС 1)

2. Сэм Ван Дун (Нидерланд)

3. Қодирберганова Мухлисахон (Узбекистон)

3. Валвои Анда (Руминия)

72 кг

1. Олеся Посилкина (ФИАС 1)

2. Малека Волха (Руминия)

3. Жилинская Анжела (ФИАС 2)

3. Курушбоева Дилдаш (Қазоқистон)

80 кг

1. Речкалова Даря (ФИАС 1)

2. Тимошенко Светлана (ФИАС 2)

3. Москалова Екатерина (Руминия)

3. Гобек Лея Катерина (Сербия)

+80 кг

1. Кебадзе Елена (Гурҷистон)

2. Гаспарян Анжела (ФИАС 1)

3. Абенова Аларим (Қазоқистон)

3. Лейҷ Ларуне (ФИАС 3)

Самбои размӣ

58 кг

1. Гантумур Баяндуурен (Муғулистон)

2. Сайдаматов Лутфилло (Узбекистон)

3. Мухтор Ғамзаев (ФИАС 1)

3. Уалиев Мирас (Қазоқистон)

64 кг

1. Шайх-Мансур Ҳабибулоев (ФИАС 1)

2. Алхасов Велимурод (Баҳрайн)

3. Саиак Бараканов (Қирғизистон)

3. Михно Евгений (ФИАС 2)

71 кг

1. Аббосов Тариел (Исроил)

2. Анорбоев Ассат (Қазоқистон)

3. Незиров Эмил (Булғористон)

3. Зупарик Стефан (Сербия)

79 кг

1. Каруяев Даирбек (Қирғизистон)

2. Смаилов Ассулбек (Қазоқистон)

3. Исмонов Шерзодбек (Узбекистон)

3. Ложкин Иван (ФИАС 1)

88 кг

1. Саидов Саид (ФИАС 1)

2. Алексеевич Евгений (ФИАС 2)

3. Саметаев Айбек (Қазоқистон)

3. Еркебай Уулу Бектен (Қирғизистон)

98 кг

1. Немков Виктор (ФИАС 1)

2. Вулфман Кисишвили (Исроил)

3. Мадӣ Райҳон (Қазоқистон)

3. Дамию Роман (ФИАС 2)

+98 кг

1. Ҷанаев Сослан (ФИАС 1)

2. Харкачаев Паша (Баҳрайн)

3. Закӣ Халид (Миср)

3. Ибодуллоев Бобоҷон (Туркманистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG