Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ (Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич), ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд. Мақомоти интизомӣ шарҳ намедиҳанд.
"Афв шуд, дар ҷое кор намекард"
Бародараш Юсуф Муҳаррамов рӯзи 7-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Муҳаммадиро соати 10-и рӯзи дуюми ноябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карданд ва баъдан ба писараш хабар додаанд, ки боздошт шудааст."
Ҳамсуҳбати мо афзуд, танҳо ҳаминро медонад, ки бародарашро барои "суҳбат дар кадом масъалае ё маъвизае" дастгир кардаанд, вале ҷузъиёт барояшон маълум нест.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳро соли 2016 ба 8 сол зиндон маҳкум карда буд. Бародараш мегӯяд, ӯ як солу се моҳ пеш бар асоси қонуни афв ва қабл аз муҳлат озод шудааст.
"Дар ҷое кор намекард, шиноснома низ надошт. Ба масҷид намерафт. Дар хона буд. Гоҳ-гоҳе ба кӯча мебаромад, тамом," – нақл кард Юсуф Муҳаррамов, бародари Муҳаммадӣ Раҳматулло. Вай илова кард, ки баъди боздошт бародарашро надидаанд: "Ба мо гуфтанд, ки ӯ дар Боздоштгоҳ аст ва танҳо рӯзи 8-уми ноябр дида метавонем."
"Бо рӯҳониёни суннатӣ дар баҳс буд"
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳи 49-сола, фориғуттаҳсили факултаи шариати Донишгоҳи байнулмилалии исломии Покистон ва сокини маҳаллаи Чоряккорони шаҳри Душанбе, чаҳор фарзанд дорад. Ӯ дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолияти равияи "Салафия" дар Тоҷикистон, яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд.
Пайравони “Салафия” он замон бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Пас аз афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва инки аксари онҳо пайравони “Салафия” будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14-уми декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" номид.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) дар аввали имсол мақомоти Тоҷикистонро танқид кард, ки сокинонро пайваста ба иттиҳоми "Салафия" боздошту зиндонӣ мекунанд.
Гуфтугӯ