Баҳодиҳӣ ба навиштаҳояш дар Фейсбук?
Ин хабарнигори тоҷик моҳи июли имсол дастгир шуда, ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” гумонбар аст. Худаш қаблан гуфтааст, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест. Ҳарду созмон ҳар гуна ҳамкориро бо Завқибек Саидаминӣ рад кардаанд.
Ба иттилои яке аз пайвандонаш, дар мурофиаи рӯзи чаҳоршанбе “баъзе аз мутахассисон” иштирок кардаанд, вале аз онҳо ном бурда намешавад.
“Мурофиа соати 9 сар шуд. Як сиёсатшинос ҳам омада буд. Адвокат шиносномаҳои моро гирифт ва гуфт, барои ширкат дар мурофиа иҷозат мегирад, аммо имрӯз ҳам ширкат карда натавонистем,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Радиои Озодӣ тавассути манобеаш дақиқ кард, ки баъзе аз мутахассисон барои баҳо додан ба чанд навиштаи Завқибек Саидаминӣ дар Фейсбук даъват шудаанд. Назару хулосаи онҳо дастрас нест.
Саидаминӣ дар Фейсбук фаъол буд ва пайваста назару пешниҳодҳояшро дар бораи мушкили иҷтимоии мардум, дину оин ва масоили хонаводагӣ менавишт.
Наворро дар инҷо бинед:
Чаро паси дарҳои баста?
Додрас Ҷӯрабек Ширинзода барои расонаҳо дастрас нест ва вакили мудофеъ ҳам ҷузъиёт намедиҳад. Наздиконаш гуфтанд, мурофиаи навбатии Завқибек Саидаминӣ ҳафтаи дигар баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, паси дарҳои баста ва дар боздоштгоҳ гузаштани муҳокимаи рӯзноманигорон рӯзи 25-уми октябр дар як нишаст дар Душанбе баҳс шуд. Хурсандмурод Мирзозода, роҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, “қонунгузор дар ин ё он ҷой гузаштани мурофиаи судиро манъ накардааст”.
Ӯ ба суоли такрории журналистон дар бораи онки чаро парвандаи чанд журналисти тоҷик дар СИЗО баррасӣ гардид, гуфтааст, бо парвандаҳо ошно нест. “Агар дар парванда масъалаҳои вобаста ба амнияти давлат бошад, худи мақомоти тафтишотӣ муҳри махфӣ мегузоранд,” – илова кардааст мақомдори Додгоҳи олӣ.
Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе бурда шуд. Мақомот парвандаи Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристода буданд.
Саидаминӣ кист?
Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.
Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.
Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва се нафари онҳо – Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5, Далери Имомалӣ 10 сол ва Муҳаммади Султон ба 7 сол зиндон – маҳкум шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукмҳоро танқид кардаанд, вале мақомот дуруст мешуморанд.
Гуфтугӯ