Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд


Завқибек Саидаминӣ.
Завқибек Саидаминӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигори 38-сола Завқибек Саидаминиро ба 7 сол зиндон маҳкум кард. Додситон барои ӯ 7,5 сол зиндон талаб карда буд. Худаш дар сухани охирин дар мурофиа гуфтааст, гуноҳе надорад.

Зоиршо Давлатёров, вакили мудофеи хабарнигор, рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе эълон шуд. "Пас аз машварат бо зерҳимояам, тасмим мегирем, ки ба зинаи болоӣ шикоят хоҳем кард ё не," -- афзуд вакил.

Ҷузъиёти дигари ҳукм дастрас нест. Қаблан пайвандонаш гуфтанд, ки Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябр гуфтааст, "бегуноҳ аст, ба зинаҳои болоӣ ва президент номаи шикоятӣ хоҳад навишт". Вай ҳамчунин аз ҳамкасбонаш, ки қазияи боздошти ӯро инъикос карданд, изҳори сипос кардааст.

Ин рӯзноманигори тоҷик ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" муттаҳам шудааст. Худаш борҳо гуфтааст, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест. Ҳарду созмон ҳар гуна ҳамкориро бо Завқибек Саидаминӣ рад кардаанд.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе бурда шуд. Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.

Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо зиндонӣ шуданд. Ба ҷуз аз Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ 10 сол гирифтанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукмҳоро танқид кардаанд, вале мақомот дуруст мешуморанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG