Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон ба Завқибек Саидаминӣ 7,5 сол зиндон хостааст


Завқибек Саидаминӣ. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук
Завқибек Саидаминӣ. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук

Додситон (прокурор) ба Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ки ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гумонбар аст, 7,5 сол зиндон хостааст.

Додрасу вакили мудофеъ ҷузъиёт намедиҳанд. Як нафари наздик ба тафтишот бе зикри ном гуфт, талаби додситон рӯзи 3-юми ноябр ҳангоми мурофиа дар Боздоштгоҳ садо дод. Ба нақли ӯ, рӯзноманигор ҳамагуна иттиҳомро рад кардааст.

"Завқибек Саидаминӣ гуфт, ба ягон ҳизбу ҳаракат ҳамкорӣ надошт. Баръакс, аз барномаҳояш дар телевизиони давлатӣ ёд овард, ки ҳатто аз ҷиҳодиён дар Сурия таҳдид гирифта буд. Ҳарду тараф сухани охирини худро гуфтанд. Додрас ба хонаи машваратӣ рафт," – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вай илова кард, ки дар ин рӯз модару бародар ва ҳамсари Завқибек Саидаминӣ ба муҳокима роҳ ёфтаанд. Дар мурофиаи гузашта онҳо паси дар монда буданд.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе бурда шуд. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" гумонбар аст. Худаш борҳо гуфтааст, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест. Ҳарду созмон ҳар гуна ҳамкориро бо Завқибек Саидаминӣ рад кардаанд.

Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.

Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ 10 сол зиндон – маҳкум шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукмҳоро танқид кардаанд, вале мақомот дуруст мешуморанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG