Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Қирғизистон рад шуд, Бишкек сомонаи Радиои Озодиро баст


Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст. Мақомот 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номиданд, ки ба бовари онҳо "дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон маълумоти тасдиқношуда дорад". Ду кишвар якдигарро ба таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.

Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб карда буд, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд.

Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон дар номааш гуфтааст, гузориши Радиои Озодиро таҳқиқ карданд ва "маълум шуд, ки бозтоби рӯйдодҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон муғризона буда, мавқеи тарафи Тоҷикистон барқасдона гирифта шудааст."

Эътирози ҷониби Қирғизистон ба ин барнома аст:

Дар ҳоле ки Қирғизистон бо доштани фазои бози расонаӣ назар ба ҳамсояҳояш маъруф аст, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки аз замони ба қудрат расидани Содир Ҷабборов (Жапаров) дар моҳи октябри соли 2020 фазои озодии баён бадтар шуда.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар посух ба номаи ҷониби Қирғизистон гуфт, “пас аз баррасии муҳтавои мавриди баҳс, ҳеч гуна нақзи меъёрҳоро мушоҳида накардем.” Ӯ афзуд, "мо таслими фишор барои ҳазфи гузоришҳои баробарвазн аз сайтҳои худ нахоҳем шуд, чӣ аз сӯи Кремл ва чӣ аз сӯи ҳукумати Қирғизистон.”

Ҷейми Флай
Ҷейми Флай

Ба гуфтаи Ҷейми Флай, "таҳдиди хабарнигорон ва талош барои хомӯш кардани расонаҳои мустақил шеваҳои мустабидонае аст, ки танҳо ба суст шудани демократия дар Қирғизистон кумак мекунад.”

Мушкилоти марзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма мегиранд. Маскав он замон талош кард, минтақаро байни гурӯҳҳои қавмӣ тақсим кунад. Тайи чанд соли охир хушунатҳо байни сокинони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки тақрибан ҳазор километр сарҳад доранду бахше аз он номуайян аст, дар вилояти Суғд ва Бодканд афзоиш ёфтааст.

Дар ду соли охир дар марзи ду кишвар низомиён вориди даргирӣ шуданд, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид. Душанбеву Бишкек ҳар дафъа якдигарро ба шурӯи даргирӣ ва таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар айни замон дар Қирғизистон бар сари тавофуқи марзӣ бо Узбекистон норозиянд. Бино ба шартҳои созишнома, 4485 га замине, ки дар он обанбори Кампиробод ҷойгир аст, ба Узбекистон мегузарад ва Қирғизистон дар иваз ҳудуди 19 ҳазор га замин ба даст меорад.

Гурӯҳи 20-нафарии сиёсатмадорон ва мухолифон рӯзи 23-юми октябр бинобар мухолифаташон ба пешнависи созишнома боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Рӯзи 24-уми октябр садҳо нафар дар Бишкек тазоҳурот карданд ва хоҳони озодии фаъолону сиёсатмадорони боздоштшуда шуданд ва аз ҳукумат хостанд, қарордоди муайян кардани марзро бознигарӣ кунад. Чунин тазоҳурот дар Уш, дувумин шаҳри калони Қирғизистон низ баргузор шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG