Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хона сӯхт, Шаҳноза дар бемористон." Фоҷиаи як оилаи муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Акси Шаҳнозаро падараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт
Акси Шаҳнозаро падараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Шаҳнозаи даҳсола аз Тоҷикистон зиёда аз як моҳ боз дар шифохонае дар Екатеринбурги Русия барои зинда мондан мубориза мебарад. Ӯ шаби 21-уми сентябри имсол дар байни дуду оташ монд.

Он шаб хонае, ки Шаҳноза, волидон ва хоҳарону бародараш мезистанд, оташ гирифт. Дар ин сӯхтор дар ноҳияи Белоярский ду муҳоҷири узбекистонӣ ҷон бохтанд. Онҳо дар ҳамсоягии хонаводаи Шаҳноза мезистанд.

Наврӯз Аминбеков, падари Шаҳноза, мегӯяд, вақте алангаи оташ то ҳуҷраи онҳо расид, “ҳама хоб буданд”. “Писарам бедор шуда, дод зад. Хестем, ҳама ба ҳар тараф пароканда шуд. Дуду оташ зер карда буд. Духтарам монд. Корфармо дарҳоро баста будааст, ба як азоб баромадем,” – нақл кард ӯ рӯзи 25-уми октябр.

Аминбеков мегӯяд, дар сӯхтор се фарзандаш ҷароҳат бардошта, баъди як ҳафтаи муолиҷа ҷавоб шуданд. Духтари хурдияш як моҳ боз дар шуъбаи эҳё хобидааст. Пизишкон гуфтаанд, дуди зиёд ба роҳи нафасу шушаш сахт осеб расондаа.

“Бештар аз як моҳ аст, ки ӯро надидаам. Духтурҳо чанд рӯз пеш ба утоқ гузаронданд. Ба мо гуфтанд, дубора табаш баланд шуд ва ба шуъбаи эҳё бурданд,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҷои ҳодиса
Ҷои ҳодиса

Муҳоҷири 43-солаи тоҷик мегӯяд, азбаски шароити зиндагияш дар Тоҷикистон сахт буд, ҳашт моҳ пеш бо зану фарзандон барои кор ба ноҳияи Белоярский рафт. Ба гуфтааш, дар хонаи як сокини маҳаллӣ, ки зодаи Узбекистон будааст, кору зиндагӣ мекарданд.

Ҳоло Наврӯз Аминбеков нисбати корфармояш ба Додситонӣ шикоят кардааст. Мегӯяд, ӯ барояшон мададе намекунад ва пули корашро ҳам пурра намедиҳад.

“Мо бояд аз онҷо барвақт мерафтем. Моро маҷбур дошт. Ба куҷое меравем, ба зидди мо гап мезананд, баръакс, худамро гунаҳкор карданд. Мегӯянд, чаро духтаратро намондӣ, ки таҳсил кунад.”

Назари корфармои хонаводаи муҳоҷири тоҷик ба ин гуфтаҳо маълум нест. Кӯшиши Радиои Озодӣ барои тамос бо ӯ бенатиҷа анҷом ёфт.

Дар сӯхтори рӯзи 21-уми сентябр тамоми либосу шиноснома ва санадҳои хонаводаи муҳоҷири тоҷик сӯхтааст. Сабаби сӯхторро Додситонии ноҳияи Белоярск таҳқиқ дорад. Расонаҳои Русия сабабро ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ гуфтаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ба сари оилаи муҳоҷири тоҷик дар Русия "бадбахтӣ" омад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Наврӯз Аминбеков, муҳоҷири тоҷик, мақомоти тоҷикро дар Екатеринбург аз ҳодиса огоҳ кардааст. Дар консулгарии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои мадад ба муҳоҷири осебдида омодаанд ва бо бемористон ҳам тамос гирифтанд.

Ёқубҷон Умаров, муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди консулгарии Тоҷикистон, гуфт, “ҳоло сиҳатии духтари хонавода муҳим аст. Дар инҷо духтурони худро дорем. Ҳар мушкиле бошад, вобаста ба имкон мадад мерасонем. Дар масъалаи бозгардондани ҳаққи кораш ҳам талош мекунем.”

Ҳоло муҳоҷири тоҷик зану фарзандонашро бо мадади хайрхоҳон ба Тоҷикистон фиристода ва худаш бе санад ва бо ҳуҷҷати бозгашт ба ватан дар Русия мондааст. Мегӯяд, ӯ ҳаққи кор кардан надорад ва интизори ба умеди ба ҳуш омадани духтараш рӯзро паси дари беморхона мегузаронад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG