Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз ҷанги сахт миёни Ҷабҳа ва Толибон дар Бадахшони Афғонистон


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Тибқи гузоришҳо, тайи чанд рӯзи охир дар вилояти Бадахшон Афғонистон миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даргириҳои сахт рух додааст. Ҳар ду ҷониб иддао доранд, ки ба якдигар зарбаи сангин заданд.

Масъулони ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки дар даргириҳо дар ин вилоят ҳудуди 40 узви Ҷабҳаи муқовимати миллиро куштаанд. Як узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин оморро рад кард ва гуфт, талафоти Толибон нисбат ба талафоти онҳо бештар аст.

Бадахшон аз ҷумлаи вилоятҳое аст, ки ахиран даргириҳо миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар он шиддат гирифтааст. Як манбаъ дар минтақа ба шарти зикр нашудани номаш ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷанг дар бахшҳое аз ноҳияҳои Арғанҷхоҳ, Роғистон, Яфтал, Шева ва Дарвоз даҳ рӯз пеш ва пас аз оғози амалиёти Толибон алайҳи афроди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, оғоз шуд.

Толибон дар Бадахшон.
Толибон дар Бадахшон.

Муиззиддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин амалиёт, ки аз як ҳафта ба ин тараф оғоз шудааст, 38 "бағоватгар" (Толибон мухолифони худро ҳамин тавр хитоб мекунанд) кушта ва 78 нафари дигар асир шудаанд. Ӯ мегӯяд, ду фармондеҳи муҳими Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо номҳои Абдулҳамид ва Саид Баҳриддин дар миёни кушташудаҳо ҳастанд.

Як узви Ҷабҳи муқовимати миллӣ, ки дар минтақа ҳузур дорад ва нахост номаш ошкор шавад, ин оморро рад кард ва ба Радиои Озодӣ гуфт, талафоти нерӯҳои онҳо камтар аз Толибон аст. Ӯ кушта шудани ду фармондеҳи Ҷабҳаро таъйид кард, аммо афзуд, онҳо даҳҳо афроди Толибонро кушта ва захмӣ кардаанд.

Файзиддин Ғиёсӣ, сокини вилояти Бадахшон, ба Радиои Озодӣ гуфт, маълумоти дарёфтии онҳо нишон медиҳад, ки дар даргириҳо 69 узви Толибон кушта шудаанд.

Ӯ иддао кард, ки дар минтақа ғайринизомиён ба иттиҳоми доштани робита бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ боздошт ва шиканҷа шудаанд. "Дар минтақаҳои наздик ба ҷанг ба мардум фишор оварданд ва латукӯб карданд. Аз ин минтақаҳо мардум ба марказ ва баъзе минтақаҳои дигар паноҳ бурданд," -- афзуд Файзиддин Ғиёсӣ.

Салоҳиддин Раббонӣ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон.
Салоҳиддин Раббонӣ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон.

Аммо Абдунофеъ Такур, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон, ин гуфтаҳоро рад кард. "Ҳар касе, ки дар баробари низоми кунунии Афғонистон меистад, мухолифат мекунад ва ё дар баробараш бағоват (саркашӣ) мекунад, нерӯҳои амниятӣ дар баробарашон меистанд".

Аз сӯи дигар, ҳизби Ҷамъияти исломӣ бо раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ шоми якшанбе, 23-юми октябр, бо нашри эъломия амалиёти оғозшударо аз тарафи Толибон дар Бадахшон маҳкум кард ва онро хилофи меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ номид. Дар эъломия омадааст, афроде, ки дар Бадахшон силоҳ бардоштаанд, ин корро барои муҳофизат аз ватан ва обрӯи худ кардаанд.

Ҳамзамон бо ин, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтааст, Толибон дар Тахор ҳам талафот додаанд. Вай дар "Твиттер" навишт, ки дар даргирии нерӯҳои онҳо бо Толибон дар Тахор 8 толиб кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд.

Толибон ба таври расмӣ дар бораи даргириҳои оғозшуда дар Тахор чизе нагуфтаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пеш аз ин дар вилоятҳои Сарипул, Парвон, Бағлон ва Панҷшер бо Толибон даргир шуда буд ва ҳар ду тараф иддао карда буданд,, ки талафоти вазнин ба якдигар ворид кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG