Дар Хуҷанд рӯзи 25-уми июн "амалиёти якмоҳа"-и зидди талбандаҳо ба поён расид. Мақомот мегӯянд, аз афзоиши талбандаҳои ба истилоҳ "сохта" нигаронанд. Шахсоне, ки ба иддаои онҳо "хонаву дару мошин ва ҷисми солим доранду худро дармонда ва бемору маъюб нишон медиҳанд". Баъзе аз талбандаҳо гуфтанд, аз бекориву ночорӣ дар кӯчаҳо менишинанд.
"Мусулмон ҳастем, садақа медиҳем"
"Як талбанда бо ду зонуяш дар замин нишаста буд. Пул додаму рафтам. Ӯ ҳам аз қафо хесту рафт. Бачаи дуруст ҳамин корро кард," – нақл кард як сокини Хуҷанд.
Гулнора, сокини шаҳри Бӯстон, ҳам гуфт: "Ҳар рӯз ба мағоза меравам. Дар наздикии он як талбанда меистад. Муҳтоҷ нест, инро барои худ касб кардааст. Одат шудааст. Ба ҳар ҳол, мусулмон ҳастем, садақа надода наметавонем."
Маъмурони интизомӣ мегӯянд, вақтҳои охир ба ин мазмун шикоятҳо мегиранд ва таҳқиқи онҳо нишон додааст, ки талбандаҳои ба истилоҳ "сохта" зиёд шудааст. Онҳо бовар доранд, "ин афрод аз одати садақа додани мардум суистифода мекунанд."
Суол ба суол
Чанде аз талбандаҳо бо дидани мо ва кӯшиши суҳбат бо онҳо ҷойи худро тарк карданд. Яке аз онҳо бе зикри номаш гуфт, бознишаста асту бемор ва ба сабаби нарасидани пули нафақааш ба кӯча баромадааст.
"Беморам, касе ёрӣ намедиҳад, барои ҳамин инҷо нишастаам ва ёрӣ металабам. Ин маҷбурӣ нест, касе дорад, медиҳад. Агар хонаву дар ва дастурхони пур дошта бошед, ҳаминҷо мешинед, зери барфу борон ва офтоби сӯзон?" – баръакс суол гузшт ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи соли 2022 тақрибан ба 300 талбанда дар вилояти Суғд огоҳӣ додаанд, ки кори худро бас кунанд. Намояндагони мақомот мегӯянд, дар маҳалҳо афроди нодору дастнигарро сабт кардаанд ва дар айёми иду ҷашнҳо барояшон ёрӣ мерасонанд. Соҳибкорон низ дар алоҳидагӣ ба онҳо хӯроку либос медодаанд.
"Бо маошу нафақа чӣ хел ба серӣ хӯранд?"
Қурбон Абдуллоев, як сокини бознишастаи Хуҷанд, тасдиқ мекунад, ки "шароит дар ҳақиқат вазнин аст."
"Хӯрокворӣ гарон аст. Бинед, равған чанд пул аст. Як нафақахӯр бо ҳаққи бознишастагияш чӣ қадар равған гирифта метавонад? Ордро бинед. Як нони майда 3 сомонӣ аст ва дусад грам вазн дорад. Одамон бо маошу нафақа чӣ хел ба серӣ хӯранд? Ҳамин чизҳо ҳам сабаб мешавад."
Дар айни замон талаби ёрӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо низ дар Тоҷикистон афзудааст. Баъзе аз сокинони бемору дармонда аз мақомот ва муҳоҷирон ва афроди хайрхоҳ мехоҳанд, ба онҳо ёрии молӣ расонанд ё ҷойи кору дору ва манзил бидиҳанд.
Намояндагони мухолифон мегӯянд, ин вазъ баёнгари камбизоат мондани қишри зиёди аҳолӣ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо тақрибан 30 дарсади аҳолӣ дар ҳоли тангдастӣ ба сар мебаранд. Созмонҳои байнулмилалӣ низ Тоҷикистонро кишвари дар ҳоли рушд муаррифӣ мекунанд, аммо ҳамзамон бекории афзун ва дастнигарии хонаводаҳоро ба пули муҳоҷирон ёдрас мешаванд.
Ҳарчанд ҳеч қонун дар Тоҷикистон талбандагиро манъ накардааст, талош мешавад, талбандаҳоро аз хиёбонҳо дур кунанд. Чанд сол пеш дар Душанбе дастур дода буданд, талбандаҳоро рӯйхат карда, сатҳи зиндагияшонро таҳқиқ намоянд. Дар Узбекистон соли 2018 қонунеро пазируфтаанд, ки талбандагиро дар маконҳои ҷамъиятӣ ҷурм эътироф мекунад.