Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев дар остонаи интихобот хост, аз "авбошу террористҳо" қаҳрамон насозанд


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо сокинони вилояти Алмато аз шаҳрвандони кишвараш даъват кард, ки "авбошҳо ва террористон"-ро ситоиш накунанд.

"Қонун ва тартибот бояд дар мадди аввали сиёсати дохилии мо бошад. Мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем барои ба манфиати шаҳрвандон татбиқ кардани ислоҳоти иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам оварем. Қонуну тартибот ба мо имкон медиҳад, ки такрори ҳодисаҳои фоҷиавӣ ба монанди бетартибиҳои моҳи январро пешгирӣ кунем",-изҳор дошт ӯ.

Ин изҳороти Тоқаев дар пасманзари даъватҳои дубора барои таҳқиқи байналмиллалии рӯйдодҳои моҳи январ ва ҷараён доштани мурофиаҳои додгоҳии гумонбарони он садо медиҳад.

Тоқаев рӯзи 1-уми сентябри имсол ҳангоми ироаи паёми навбатияш ба сокинони Қазоқистон ваъда дода буд, ки иштирокдорони ҳодисаҳои моҳи январро афв мекунад. Ин афв ба гуфтаи ӯ, ба шаҳрвандоне дахл хоҳад кард, ки дар ҷиноятҳои вазнин айбдор намешаванд.

XS
SM
MD
LG