Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи Белгород таҳқиқ мешавад"


Нерӯҳои эҳтиётии Русия ҳангоми тамрин
Нерӯҳои эҳтиётии Русия ҳангоми тамрин

Мақомот гуфтанд, ки хабарҳоро дар бораи даст доштани зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи Белгород таҳқиқ доранд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми октябр навишт, "сафорат дар Маскав аз пайи муайян кардани даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар воқеа ҳастанд." Ин дар ҳолест, ки номи дастикам як нафари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст.

Ҳамла дар тамрингоҳи Белгород рӯзи 15-уми октябри имсол рӯй дод ва мақомоти Русия онро “ҳамлаи террористӣ” хонданд.

Ба гуфтаи мақомоти рус, ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳангоми машқ ба сӯи ҳамхидматони худ тир кушоданд ва худашон низ кушта шуданд.

Мақомоти Русия мушаххасан нагуфтанд, ки ҳамлаварон зодаи кадом кишвар буданд. Алексей Арестович, мушовири Владимир Зеленский, президенти Украина, дар мусоҳибае дар YouTube гуфтааст, ҳамлагарон аз Тоҷикистон буда, баъди баҳс бар сари дин ба сӯи ҳамхидматони худ оташ кушодаанд. Маълум нест, мушовири президенти Украина ба чӣ далеле ҳамлагаронро тоҷикистонӣ номидааст.

Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, дар ин ҳодиса 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудаанд. Онҳоро дар доираи маъракаи басеҷ (басиҷ, мобилизатсия, сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ) ба артиши Русия даъват шуда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG