Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини ҷазои сахттар барои шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон


Бабри барфӣ
Бабри барфӣ

Дар Тоҷикистон ҷазо барои шикори бабри барфӣ сахттар шуд.

Вакилони порлумон рӯзи 12-уми октябр бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ барои шикор ва қасдан нобуд кардани бабри барфӣ аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 5 сол зиндон таъин карданд.

Дар Тоҷикистон бабри барфӣ ҷонвари нодир аст ва бар асоси қонун дар сурати ҳамла ба чорвои мардум низ набояд кушта шавад.

Пештар қонунгузорӣ барои шикори бабри барфӣ ҷаримаи камтар ва ду сол зиндонро пешбинӣ мекард.

Ба гуфтаи мақомот, бинобар ҳисобҳои охир танҳо дар Помири Шарқӣ ё Мурғоб 37 бабри барфӣ мондааст.

Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ба хатари нобудшавии ин ҷонвари нодир дар табиат таъкид намуда, гуфтааст, зарур буд, ки ҷазо сахттар карда шавад.

Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро "паланги ширмол" ё "озодапаланг" низ меноманд, аз ҷонварони нодиртарин аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.

XS
SM
MD
LG