Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 паноҳандаи афғон аз Тоҷикистон ба Канада интиқол дода шудаанд


Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Бештар аз 300 паноҳҷуйи афғонистонӣ бо як парвози вижа аз Тоҷикистон ба Канада мунтақил шудаанд. Интиқоли ин паноҳҷӯён рӯзи панҷшанбеи 13-уми октябр сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир интиқоли паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ғарбӣ идома дорад.

Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани Толибон ба Тоҷикистон омадаанд. Паноҳандагон мегӯянд, барои ҳамеша ба Тоҷикистон наомадаанд ва талош мекунанд, ба Канада ё ягон кишвари аврупоӣ раванд. Дар як соли охир наздик ба 4 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба кишвари сеюм рафтаанд.

Моҳҳои ахир хабари ихроҷи афғонҳо аз Тоҷикистон расонаӣ шуд. Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварашон нигаронӣ карда, аз давлати Тоҷикистон хост, ба ин кор поён диҳанд. Мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтанд.

Шон Фрейзер, Вазири муҳоҷирати Канада дар саҳифаи "Твиттер"-и худ навиштааст, ки теъдоди афғонҳое, ки то кунун ба Канада расидаанд 21 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад. Қаблан Канада эълом карда буд, ки то 40 ҳазор афғони паноҳандаро мепазирад.

XS
SM
MD
LG