Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маош дер мерасад... кор нест." Ранҷи муҳоҷирон аз таҷовузи Русия ба хоки Украина. ВИДЕО


Русия
Русия

Таҷовузи Маскав ба хоки Украина дар аввали имсол боиси таҳримҳо шуд ва вазъи иқтисоди Русия, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро, ки дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд, душвор кард.

Таваккал Саломов ва ҳамроҳонаш аз Тоҷикистон дар сохтмоне дар Маскав кор мекунанд, аммо аз саривақт нарасидани масолеҳу бо таъхир гирифтани маош шикоят доранд. "Мушкили асосӣ бо таъхир расидани маҳсулоти сохтмонӣ аст. Дар ширкат ҳанӯз ҳам 10 ё 15 рӯз дертар маошро медиҳанд," – нақл кард ӯ.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба мисли Таваккал барои дарёфти кору маоши муносиб ба Русия мераванд. Асосан дар сохтмони биноҳо ва бозорҳо кор мекунанд, вале ҳоло мегӯянд, ёфтани кори хуб дар кишвари муҳоҷирпазир осон нест.

Эҳсон Ҳабибов, яке аз муҳоҷирон, гуфт, “чаҳор моҳ бекор мондам, 50 ҳазор рубл қарздор шудам. Дар ҳар ҷое кор кардам, пуламро надоданд.”

Ба нақли муҳоҷирон, ин ҳолат моҳи феврали имсол пеш омад ва ҳанӯз идома дорад. Замоне ки Русия бар рағми даъватҳои ҷаҳонӣ ба хоки Украина таҷовуз кард ва ҳафт моҳ боз онҷо “банд мондааст”.

Мустафо Ҳакимов, пизишки тоҷик дар Русия мегӯяд, “ин мушкил буд, вале аз моҳи феврал ва март бекорӣ зиёд шуд. Вазъи иқтисодиро мушкил кард. Ба ҳама бахшҳо таъсир расонд.”

Тоҷикони коргар дар Русия мегӯянд, набудани кору саривақт нагирифтани маош сабаб шудааст, ки ба оилаҳояшон дар Тоҷикистон пули камтар фиристанд.

Ҳамзамон мегӯянд, бо вуҷуди мушкил шудани шароити кору зиндагӣ дар Русия интихоби дигар надоранд. Дар Тоҷикистон бекорӣ мушкили асосии сокинон аст ва агар кор ҳам ёфт шавад, маош сокинонро қонеъ намекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 600 ҳазор шаҳрванди кишвар дар Русия ҳастанд, вале мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро ба мисли Таваккалу ҳамроҳонаш беш аз як миллион нафар медонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ранҷи муҳоҷирон аз таҷовузи Русия ба хоки Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG