Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои ҳиҷоби нодуруст". Маҳсо Аминӣ се рӯз баъди боздошт даргузашт


 Аминӣ аз ғарби Эрон ба Теҳрон барои дидани хешовандонаш рафт, вале рӯзи 13 сентябр боздошт шуд. Чанд соат баъди боздошташ ӯро дар беморхона бистарӣ карданд
Аминӣ аз ғарби Эрон ба Теҳрон барои дидани хешовандонаш рафт, вале рӯзи 13 сентябр боздошт шуд. Чанд соат баъди боздошташ ӯро дар беморхона бистарӣ карданд

Марги духтари 22-солаи эронӣ се рӯз баъди он ки аз ҷониби полиси ахлоқи Эрон гӯё барои вайрон кардани қоидаи пӯшидани ҳиҷоб боздошт шуд, дар дохилу хориҷи ин кишвар вокунишҳои сангине ба бор овард. Манбаъҳо ба Радио Фардо гуфтанд, ки табибон рӯзи 16-уми сентябр гуфтанд, ки Маҳсо Аминӣ баъди ҳолати кома дигар ба худ наомад ва даргузашт.

Шоҳидон ба хабарнигорони маҳаллӣ дар Эрон гуфтанд, ки вақте Аминиро дар кӯча полис боздошт мекард, дар дохили мошин ӯро шадидан латукӯб карда баъдан ба боздоштгоҳ бурд. Марги Аминӣ эътирозҳоеро дар Теҳрон барангехт. Роберт Молли, фиристодаи ИМА дар Эрон гуфт, ки омилоне, ки барои ҳиҷоби “нодуруст” ин занро ба марг оварданд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Amnesty International ҳам талаб кард, ки таҳқиқоти ин марги “мармуз” барпо шавад. Аминӣ аз ғарби Эрон ба Теҳрон барои дидани хешовандонаш рафт, вале рӯзи 13 сентябр боздошт шуд. Чанд соат баъди боздошташ ӯро дар беморхона бистарӣ карданд. Модари Маҳсо дар сӯҳбат бо Радио Фардо гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса ба полис шикоят навиштааст.

XS
SM
MD
LG