Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

34 кушта. Раисӣ гуфт, бо мухолифони низоми Эрон "қотеона амал кунанд"


Теҳрон, 21-уми сентябр
Теҳрон, 21-уми сентябр

Президент Иброҳим Раисӣ рӯзи 24-уми сентябр гуфт, ки Эрон “бояд бо онҳое, ки зидди амният ва оромии кишвар баромад мекунанд, қотеона амал кунад”. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки матбуоти давлатӣ навишт, дар эътирозҳои як ҳафтаи ахир бо сабаби марги духтари 22-солаи боздоштшуда барои ҳиҷоби нодуруст 35 нафар кушта шуд. Раисӣ ин суханҳояшро зимни як сӯҳбати телефонӣ бо оилаи ходими амнияти дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ кушташуда баён кардааст.

Эътирозҳову раҳпаймоиҳо аз он ҷо шурӯъ шуд, ки рӯзи 16-уми сентябр се рӯз баъди боздошти полиси ахлоқ барои гӯё нодуруст пӯшидани ҳиҷоб Маҳсо Аминии 22-сола бо нишонаҳои латукӯбу шиканҷа даргузашт. Эътирозҳо аз зодгоҳи духтар – вилояти Курдистон шурӯъ шуда ба дигар минтақаҳои кишвар то Теҳрон паҳн шуд. Рӯзи 23-юми сентябр мақомот ба кӯчаҳо тарафдорони режими исломиро бароварданд. Рӯзи 24-уми сентябр хадамоти иктишофии Эрон иддао кард, ки аз чандин нақшаи таркиши бомба дар ҷараёни эътирозҳо пешгирӣ кардааст. Иддао мешавад, ки ин нақшаро собиқ тарафдорони шоҳ ва ниманизомиёни сокини Табрез ташкил карданӣ буданд, вале санҷидани дурустии ин иддао тавассути манобеи мустақил имон надорад.

Фаъолон мегӯянд, ки Аминӣ дар идораи полис аз сараш зарба хӯрдааст, вале полис инро рад мекунад. Аҳмад Ваҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки “таҳқиқи тиббию судӣ нишон дод, ки латукӯб ҷой надошт”. Қаблан полис гуфт, ки ин духтар аз сактаи қалбӣ даргузашт, вале наздиконаш бо ишора ба захмҳои сангини бадани духтар ба шиканҷа шудани ӯ пойфишорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG