Дар ҳоле ки баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Узбекистону Қазоқистон, истифодаи корти “Мир”-и Русияро манъ кардаанд, мақомоти тоҷик гуфтанд, истифодаи он дар банкомату терминалҳои ду бонки кишвар бе мушкил ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои масъулини “Амонатбонк”, соҳибкони кортҳои русии “Мир” метавонанд, тавассути ин бонк ва ҳамчунин “Душанбе сити” бе маҳдудият пул бигиранд ё пардохт кунанд. Муомилот тариқи ин корти русӣ бо пули сомонӣ сурат мегирад.
Аз моҳи сентябр «Амонатбонк» муомилотро бо кортҳои чипдори низоми пардохтии “Корти миллӣ” роҳандозӣ кардааст. Он дар Русия ва кишварҳои дигаре, ки дар онҳо корти “Мир” фаъол аст, истифода мешавад.
Чанде пеш мақомоти Русия хабар доданд, ки баъзе аз бонкҳои Қазоқистон, Арманистон ва Туркияву Ветнам аз тарси таҳрими дубораи Амрико, хидматрасониро тариқи корти русии “Мир” бас кардаанд.
Гуфтугӯ