Раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои берун бурдани нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҳарбӣ аз хати марз ба созиш расидаанд.
Ду тараф дар гузашта низ ба ин монанд ҳуҷҷатҳоро имзо карда, аммо дертар якдигарро ба нақзи он гунаҳкор дониста буданд.
Ҳукумати вилояти Суғд гуфт, санади навро Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 19-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" имзо карданд.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо "масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадӣ"-ро баррасӣ карда, "барои риояи ҳатмии оташбас" таъкид намудаанд.
"Таъкид гардид, ки … минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад," – омадааст дар хабарномаи ҳукумати Суғд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баргузории ҷаласаро дар қаламрави Тоҷикистон тасдиқ карда, вале тафсилот надодааст.
Бино ба хабари дигар, Қамчибек Тошиев гуфтааст, Тоҷикистон чаҳор сарбози он кишварро, ба гуфтааш, аз асорат раҳо кард. Ӯ афзудааст, яке аз сарбозон захмӣ буда, вазъи се нафари дигар қаноатбахш аст, вале онҳоро ба бемористон бурдаву муоина мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора иттилое надодаанд.
Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қисме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст, муноқиша сар зад. Ду тараф якдигарро ба шурӯи даргирӣ ва таҷовузи мусаллаҳона ба қаламрави якдигар гунаҳкор мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 19-уми сентябр гуфт, дар ин даргирӣ 41 нафар кушта шуданд, вале омор ниҳоӣ нест. Ҷониби Қирғизистон дар бораи кушта шудани 59 нафар хабар дод.
Гуфтугӯ