Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои марзбонӣ изҳороти Тошиевро беасос номид 


Қамчибек Тошиев
Қамчибек Тошиев

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон суханҳои Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро дар бораи иштироки "шахсони сиёҳпӯш" аз тарафи Тоҷикистон "дур аз ҳақиқат" номид.

Тошиев рӯзи 14-уми сентябр гуфт, "нерӯҳои марзбонии мо диданд, ки одамон бо либоси сиёҳ ба тарафи онҳо тир кушодаанд."

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр гуфт, "онҳо бо иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳи бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад."

Пештар аз ин, Тошиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, дар даргириҳои 14-уми сентябр "нерӯҳои таъйиноти махсуси Тоҷикистон иштирок кардааст".

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи ду кишвар то соати 11-и рӯзи 16-уми сентябр идома дорад.

Ҳарду тараф якдигарро ба қабул накардани оташбас гунаҳкор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG