Таҷаммӯи сокинон дар Бишкек дар робита ба задухӯрд дар марз
Сокинони шаҳри Бишкек рӯзи 16-уми сентябр дар назди бинои порлумони Қирғизистон ҷамъ шуда, қатъи низоъро дар марз бо Тоҷикистон талаб карданд.
Расонаҳо менависанд, дар ин гирдиҳамоӣ сокинони вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ширкат доранд.
Ҷамъшудаҳо аз мақомоти Қирғизистон талаб доранд, ки ба сарҳад нерӯи иловагӣ фиристода, сокинонро ба ҷои амн кӯчонад ва аз Исфанаи Бодканд ба шаҳри Бишкек парвози махсус ташкил кунад.
Дар маркази матбуотии порлумони Қирғизистон хабар доданд, ки вакилон рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи ғайринавбатӣ вазъро дар марз бо Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
Субҳи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора муноқиша сар зад.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ҳамларо аввал сарҳадбонони Қирғизистон оғоз карданд. Бишкек мегӯяд, низомиёни тоҷик буданд, ки ба чанд дидбонгоҳи марзии ин кишвар ҳамла бурданд.
Аз ин пеш, 14-уми сентябр, дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд соат тирпарронӣ рух дод.
Дар ин ҳодиса аз тарафи Тоҷикистон ду марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд. Қирғизистон аз захмӣ шудани ду сарҳадбон ва 3 нафари мулкӣ хабар дод. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани ин муноқиша айбдор карданд.
"Ҷонибҳо розӣ шуданд, ки оташбас шавад.” Музокирот дар марз
Баъд аз даҳ соати муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҷонибҳо музокирот кардаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд пас аз зуҳри 16-уми сентябр дар хабарномае гуфт, музокирот дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод" дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷараён гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ-и он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.
Дар музокироти ду кишвар вазирони корҳои дохилӣ ва раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон низ ширкат доштаанд.
Дар бораи ҷузъиёти музокирот чизе гуфта нашудааст. Дар хабари расмии ҳукумати Суғд танҳо омадааст, “зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад.” Аммо маълум нест, оташбас кай эълон мешавад.
Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр оғоз шуд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро сабабгори ҷанҷол медонанд.
Тоҷикистон дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо оморе надодааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ҷараёни даргирӣ беш аз 40 нафар захмӣ шуданд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфтааст, ки сокинони минтақаҳои наздимарзиро дар вилояти Бодканд ба ҷойи амн кӯчондааст. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, марказҳои зисти муваққатӣ боз шудаанд ва сокинон бо нақлиёти шахсӣ ба онҷо мераванд.
Русия аз Душанбеву Бишкек хост, ҷангро дар марз бас кунанд
Русия аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ҷанҷолро дар марз ба гуфтугӯи сиёсӣ ва дипломатӣ иваз карда, аз ҳар гуна кӯшиши бад кардани авзоъ ва иғвои ҷониби сеюм пешгирӣ кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 16-уми сентябр дар баёнияе гуфт, вазъи муташанниҷро дар сарҳади ду ҳамсояро бо ташвиш пайгирӣ доранд.
“Мо бори дигар омодагии самимонаи худро барои расондани ҳама гуна ёрии қобили қабули шариконамон тасдиқ мекунем,” -- гуфт вазорат.
Ҷониби Тоҷикистон бегоҳи 16-уми сентябр дар бораи музокирот ва таъкиди тарафҳо барои оташбас хабар дод, вале нагуфт, ки оё оташбас шудааст ё не.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи оташбас аз соати 16:00-и имрӯз ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора ҷанҷол сар зад. Ҷонибҳо якдигарро ба оғози муноқиша ва истифода аз силоҳҳои сангин гунаҳкор карданд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар ин даргирӣ беш аз 40 нафар захмӣ шудааст. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо оморе надод. Пештар хабаргузории “Рейтерз” гуфта буд, ки дар ҷанги 16-уми сентябр як кас дар Исфара ҷон бохтааст.
Гуфтугӯ