Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, барои назорати риояи оташбас дар минтақаҳои марзӣ кумисюни муштарак ташкил доданд: “Дар натиҷа, зери роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбаев комиссияи муштарак ташкил гардид. Вазифаи асосӣ назорати риояи оташбас дар минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, комиссия кори худро оғоз намуд.”
Раҳмон ва Ҷабборов дар Самарқанд вазъи марзро баррасӣ кардаанд
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари муноқишаи марзӣ рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд мулоқот кардаанд. Онҳо гуфтаанд, барои оташбас ва берун кашидани нерӯҳо супориш медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Самарқанд рафта буданд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баъд аз зуҳри 16-уми сентябр баргузор шуд.
Сомонаи расмии президенти Қирғизистон дар иттилоияе навишт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вазъиятро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кардаанд.
Ба навиштаи манбаъ, роҳбарони ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки барои оташбас ва берун кашидани қувваҳо ба ниҳодҳои дахлдор супориш медиҳанд.
Бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаи амнияти миллии ду кишвар, комиссия ташкил карда, сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Гузориш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон
Як сокини Бодканд мегӯяд, духтараш дар даргирӣ ҷон бохтааст
Як сокини Бодканд иддао дорад, ки дар муноқишаи 16-уми сентябр дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон духтари 15-солааш кушта шудааст.
Малик Маннонов, сокини деҳаи Достуки вилояти Бодканд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, духтари ӯ ҳангоми фирор аз гулӯла ба ҳалокат расид.
Мақомоти расмӣ ҳалокати ин наврасро тасдиқ накардаанд.
“Ин кор саҳар рух дод, вақте ҳама фирор мекарданд. Духтарам аз зарби гулӯла кушта шуд. Намедонистем, ки ёрии таъҷилӣ куҷост, ҳама мегурехтем. Духтарамро дар деҳаи Маргун ба хок супоридам,” -- гуфтааст Маннонов.
Субҳи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад ва қариб то бегоҳ давом кард.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи талафот расман чизе нагуфтаанд. Пештар хабаргузории “Рейтерс” дар бораи ҳалокати як нафари мулкӣ ва Оҷонси “Азия-Плюс” аз марги як марзбон хабар доданд.
Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 42 кас хабар дод.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз оташбас хабар доданд ва гуфтанд, як кумисюни муштарак вазъиятро назорат мекунанд.
Гуфтугӯ