Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад? Лаҳза ба лаҳза

Рӯзи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора муноқиша сар зад. Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ҳамларо аввал сарҳадбонони Қирғизистон оғоз карданд. Бишкек мегӯяд, низомиёни тоҷик ба чанд дидбонгоҳи марзии ин кишвар ҳамла бурданд.

  • Хабаргузории "Reuters" аз кушта шудани як сокини Исфара хабар дод.
  • "Азия-Плюс" навишт, як марзбони дигари тоҷик ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи талафот ва захмиён ба таври расмӣ чизе нагуфтанд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 59 низомӣ ва афроди мулкӣ хабар дод.

Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд соат тирпарронӣ рух дод. Дар ин ҳодиса аз тарафи Тоҷикистон ду марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд.

Қирғизистон захмӣ шудани ду сарҳадбон ва 3 сокини мулкӣ хабар дод. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани ин муноқиша айбдор карданд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, шумораи захмиён дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон ба 59 нафар расидааст. Пизишкон марги духтари 15-соларо дар Бодканд низ тасдиқ карданд. Тоҷикистон дар бораи кушташудаҳо ва захмиён дар задухӯрди 16-уми сентябр иттилоъ надодааст. Қаблан хабаргузории “Рейтерз” дар бораи кушта шудани як нафар дар Исфара гузориш дод. Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ки як марзбони тоҷик кушта шудааст.

Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд. Мақомот мегӯянд, дар даргирии рӯзи чаҳоршанбе ду марзбон кушта ва 11 кас маҷруҳ шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани ду марзбон ва се фарди мулкӣ хабар дод.

Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Як сокини Бодканд мегӯяд, духтараш дар даргирӣ ҷон бохтааст

Як сокини Бодканд иддао дорад, ки дар муноқишаи 16-уми сентябр дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон духтари 15-солааш кушта шудааст.

Малик Маннонов, сокини деҳаи Достуки вилояти Бодканд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, духтари ӯ ҳангоми фирор аз гулӯла ба ҳалокат расид.

Мақомоти расмӣ ҳалокати ин наврасро тасдиқ накардаанд.

“Ин кор саҳар рух дод, вақте ҳама фирор мекарданд. Духтарам аз зарби гулӯла кушта шуд. Намедонистем, ки ёрии таъҷилӣ куҷост, ҳама мегурехтем. Духтарамро дар деҳаи Маргун ба хок супоридам,” -- гуфтааст Маннонов.

Субҳи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад ва қариб то бегоҳ давом кард.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи талафот расман чизе нагуфтаанд. Пештар хабаргузории “Рейтерс” дар бораи ҳалокати як нафари мулкӣ ва Оҷонси “Азия-Плюс” аз марги як марзбон хабар доданд.

Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 42 кас хабар дод.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз оташбас хабар доданд ва гуфтанд, як кумисюни муштарак вазъиятро назорат мекунанд.

Гузориш аз наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Гузориш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG