Теъдоди захмиён дар Қирғизистон ба 31 нафар расидааст
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар даргирии 16-уми сентябр дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 31 нафар захмӣ шудааст.
Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони вилояти Бодканд бистарӣ ҳастанд.
Пештар хабаргузории “Рейтерс” дар бораи кушта шудани як нафар дар Исфара хабар дода буд.
Ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо маълумоте надодааст.
Тоҷикистон изҳороти Тошиевро беасос номид
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороте нав суханҳои Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистонро дар бораи ширкати "шахсони сиёҳпӯш" аз тарафи Тоҷикистон “дур аз ҳақиқат” номид. Тошиев рӯзи 14-уми сентябр гуфт, “нерӯҳои марзбонии мо диданд, ки одамон бо либоси сиёҳ сӯи онҳо тир кушодаанд.”
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо пахши изҳороти сеюм дар рӯзи 16-уми сентябр гуфт, “онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад”.
Пештар аз ин Тошиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, дар даргириҳои 14-уми сентябр "нерӯҳои таъйиноти махсуси Тоҷикистон иштирок кардааст".
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи ду кишвар то соати 11-и рӯзи 16-уми сентябр идома дорад.
Ҳарду тараф якдигарро ба қабул накардани оташбас гунаҳкор мекунанд.
Кадом тараф оташбасро риоя намекунад?
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар изҳоротҳои алоҳида якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд.
Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯли 16-уми сентябр гуфт, "аз тарафи Тоҷикистон ду маротиба, соати 06:30 ва 07:30, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуд. Роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодҳоро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд."
Хабаргузории расмии Қирғизистон, "Кабар", навиштааст, "сарфи назар аз созиш дар бораи қатъи тирпарронӣ, тарафи Тоҷикистон оташкушоиро идома медиҳад."
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро ба ҳамла ба аҳолии мулкӣ муттаҳам мекунанд.
Хабарҳои пароканда дар бораи талафот
Хабаргузории "Рейтерс" аз кушта шудани як сокини Исфара хабар дод.
"Азия-Плюс" навишт, ки як марзбони дигари тоҷик ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи маҷруҳон ва ҳалокшудагон ба таври расмӣ чизе нагуфтанд.
Ҷониби Қирғизистон то ин дам аз захмӣ шудани 18 низомӣ ва шахсони мулкӣ хабар дод, аммо дар бораи талафот чизе нагуфт.
Гуфтугӯ