Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон нотаи эътирозӣ дод
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ додааст. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон омадааст, ин кишвар ба "амалҳои ғайриқонунӣ ва тахрибкоронаи ҷониби Тоҷикистон" эътироз кард.
Дар ҳамин ҳол, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз гуфтугӯ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубоев дар бораи ҳалли вазъи пешомада дар марзи ду кишвар суҳбат намуданд.
Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо ҳамтои тоҷикаш Саймумин Ятимов гуфтугӯ дорад.
Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, субҳи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи дигар сар задааст. Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфт, низомиёни тоҷик ба чанд постгоҳи марзии ин кишвар ҳамла карданд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст, аммо сокинони ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, сарбозони Қирғизистон ба хонаҳои мардум ҳамла мекунанд.
Чанд сокини ҷамоати Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, соати 5:30 садои тирпарронӣ баланд шуд. “Аз чор тараф боз бо силоҳҳои вазнин ҳамла карда истодаанд. Асосан ба хонаҳои одамон ва дохили маҳала,” - гуфт як мусоҳиби мо.
Як сокини ҷамоати Чоркӯҳ муноқишаи имрӯзро мустақиман дар Фейсбук пахш кард. Дар навор садои тирпарронӣ шунида мешавад.
Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон бо пахши изҳорот низомиёни тоҷикро ба ҳамла ба чанд дидбонгоҳи марзӣ, аз ҷумла дар Самарқандак муттаҳам кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот вокуниш накардаанд, аммо ду рӯз сарҳадбонони қирғизро ба ҳамла ба постгоҳи марзбонии “Кех”-и Тоҷикистон гунаҳкор карданд.
Ҳанӯз пурра мушаххас нест, ки муноқишаи нав бар сари чӣ сар задааст. Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд соат тирпарронӣ рух дод. Дар ин ҳодиса аз тарафи Тоҷикистон ду марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд. Қирғизистон захмӣ шудани ду сарҳадбон ва 3 сокини мулкӣ хабар дод. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани ин муноқиша айбдор карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки қариб нисфи он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Миёни сокинони минтақаҳои марзӣ ҳар сари чанд вақт бар сари замину чарогоҳ ва об ҷанҷол сар мезанад.
Гуфтугӯ