Ҷовид Сулаймонӣ, рӯзноманигори озод
Пас аз омадани Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон) ба сари қудрат дар Афғонистон шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз аксу навори ҳузнангез буд. Ҳар кас мехост, бо ҳар лаҳне дар мавриди Афғонистон ва Толибон чизе бигӯяд. Яке барои миллати мазлум тасалло мехонд, дигаре бо лаҳни шадид аз рафтори Толибон танқид мекард.
Як сол пеш, ҳамин рӯзҳо, дар Тоҷикистон суҳбати ҳама сари ғасби Афғонистон буд. Дақиқтараш сари Толибон. То кунун ин равиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Ҳамоно ба навъе пур аз эҳсос.
Воқеан, тасарруфи дубораи Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи Толибон ҷаҳони муосиррро шигифтзада кард. Гурӯҳе, ки бист сол пеш аз ҷониби Амрико ва муттаҳидонаш саркӯб шуд, бо муҷаҳҳазтарин артиш ба ҷанг бархост. Омили мондагории Толибон дар чист? Толибон кистанд ва чӣ дарке аз дин доранд?
Ҳувияти исломии Толибон
Гурӯҳе бо ришу мӯйи номураттаб ва дар даст "Калашников". Ин чеҳраи Толибон буд, ки соле пеш савори мототсиклҳо вориди Кобул шуданд ва тӯдаи азими сокинон аз тарси ҷон ба фурудгоҳҳо рафтанд, то аз ҷабри онҳо ба хориҷ бигурезанд.
Ин чеҳраҳо пеш аз ҳама барои сокинони Афғонистон, ки бист соли охир дар як оромии нисбӣ ба сар мебурданд ва сипас барои мардуми сайёра намунае аз радикализми динӣ ва исломи ифротӣ буд.
Решаҳои "исломи толибонӣ" аз ҷиҳоди мардуми Афғонистон бар зидди Шӯравӣ об мехӯранд. Исломият дар муборизаҳои низомии Афғониситон маҳсули чаҳор даҳа қабл аст. Аслан ҳаракатҳои исломӣ дар Афғонистон бо шурӯи ҳукумати коммунистӣ дар ин кишвар оғоз ёфтаанд. Таҳрики Толибон маҳз дар ҳамин замина, яъне заминаи динӣ, шакл гирифт, зеро баъд аз ғалабаи муҷоҳидин бар Шӯравӣ нуфузи дин дар Афғонистон боло рафта буд.
Аслитарин меъёри баҳодиҳӣ ба таҳрики Толибон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ исломӣ будани он аст. Дар меҳвари сиёсати идеологии ин гурӯҳ аз ибтидо то ҳоло маҳз дин қарор дорад. Ҳаракати Толибон дар марҳилаи аввал як аксуламал бо вазъи замон буд ва шароити Афғонистон заминаи ба миён омдани чунин як гурӯҳро фароҳам овард.
Афғонистон дар замони шаклгирии Толибон як кишвари гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ буд ва аз лиҳози тавсеаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ниҳодҳои маданӣ ақибмонда буд. Бардошти динӣ барои раҳо бахшидани ҷомеа аз ин вазъ аз як ҷониб ва ақибмондагии иҷтимоӣ аз ҷониби дигар идеологияи Толибонро ташкил дод. Исломи толибонӣ бинобар заминае, ки барояш фароҳам шуда буд, тавонист, қобилиятҳои фикрии худро амалӣ созад.
Толибон аз замони мавҷудияти худ ба унсури динӣ бештар пойбанд ҳастанд. Ҳарчанд гурӯҳе аз огоҳон бар он назаранд ки унсури қавмӣ дар идеологияи ин ҳаракат нуқтаи меҳварӣ аст, ин ақида бо назардошти онки аъзои ин гурӯҳро ба ҷуз паштунҳо намояндагони чандин қавмҳои Афғонистон ба монанди тоҷикон, ҳазораҳо ва узбекҳо низ ташкиш медиҳанд, чандон дуруст шуморида намешавад.
"Исломи толибонӣ" ё дигарнопазирӣ
Толибон дар ибтидо бо тарзи тафаккури бисёр одие ки доштанд, талош карданд, ин меъёрҳои рустоӣ ва қабилавии худро дар шаҳрҳои калон амалӣ кунанд. Ин буд, ки онҳо бо падидаҳое монанди радио ва телевизион, шоҳмот, кор ва таҳсили занон, таълими фаннҳое мисли таъриху ҷуғрофиё, пӯшидани пояфзоли сафед (ранги парчами Толибон) комилан зид буданд.
Дар шинохти Толибон як нуқта муҳим аст. Аз роҳи фармудаи Худо амалӣ сохтани ормонҳои мардум ва барпо намудани адолат. Толибон аз рӯйи қироате, ки аз дин доранд, гуё шакли аслӣ ва ягонаи исломро пос медоранд. Дар фаҳмиши Толибон роҳи дин якест - Қуръон. Ҳадафи аслии ин гурӯҳ пойдории дини Ислом ва дар шакли аслӣ ҷорӣ кардани он аст. Модернситезӣ, дигарнопазирӣ, вокуниш бо мардумсолорӣ ва чандандешӣ ғояҳо аслии сиёсати ин ҳаракат ба ҳисоб мераванд.
Фарҳанг барои Толибон новобаста аз шакли миллӣ ва ё ғайримиллӣ доштани он чизи бемафҳум ва нолозим дониста мешавад. Толибон ақидатан бо мусиқӣ, театр, синамо ва санъати тавсирӣ зид ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир мухолифати Толибон бо телевизион ва радио, мусиқӣ ва асбоби мусиқӣ, санъати тасвирӣ, кор ва таълими занон баёнгари афкори консервативии онҳост.
Бинобар нақли Абдулҳафизи Мансур, рӯзноманигор ва узви ҳайати музокиракунанда бо Толибон, дар тамоми давраи музокироти байнулафғонӣ, ки баъд аз имзои Созишномаи Доҳа миёни ҳайати Тоибон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сурат гирифт, ҳеч навъ пешрафте барои қонеъ сохтани Толибон дар масоили динӣ ва ҳуқуқибашарӣ аз ҷониби ҳайати ҷумҳурият ба даст наомад. Ба нақли ӯ, Толибон ҳатто майл ба ҳеч гуфтумонеро надоштанд ва муътақид сохтани онҳо ғайриимкон буд. Аз ин бармеояд, ки Толибон гурӯҳе бо адами таҳаммул ва мадоро мебошанд.
Толибон дар ҳарду давраи роҳбарии худ шариатро василаи асли идораи давлат ва ҷомеа пазируфтанд. Ҳатто то кунун давлати Толибон дар Афғонистон бо унвони Аморати исломии Афғонистон қонуни асосӣ надорад ва қонуни асосии замони Зоҳир-Шоҳ (1933-1973) муваққатан қабул шудааст. Толибон барои танзими муносиботи ҷамъиятӣ ба қабули қонун муътақид нестанд. Танҳо тавсия ва дастурҳое аз ҷониби роҳбари аморат нашр мешаванд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд ва арзиши ҳуқуқӣ доранд.
Ҳуқуқи башар аз нигоҳи Толибон
Барои Толибон аслан ҳар навъи танқид, ки аз меъёри дин берун бошад, қобили пазириш нест. Дар муносибат ба ҳуқуқи башар Толибон аз ченаки шариат кор мегиранд. Ҳуқуқи башар аз замони пайдоиши ин гурӯҳ аҳамияте надошт ва ин камбудӣ то кунун дар раванди давлатдории онҳо ҷой дорад. Ба ин далел, дар бештар аз як сол ҳеч кишвари дунё ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд дар нахустин нишасти хабарии худ сухангӯйи давлати Толибон Забеҳулло Муҷоҳид таъкид дошт, ки “мо ӯҳдадорем ҳуқуқи занонро дар чорчӯби шариат риоят намоем, то онҳо тавонанд шона ба шонаи мо истода кор кунанд.” Инчунин, ӯ иброз дошт, ки “мо мехоҳем ҷаҳони муосирро муътақид созем, ки ба ҳеч гуна табъиз роҳ намедиҳем.”
Занситезии Толибон ягона мушкили умдаи ин гурӯҳ бо ҷомеаи ҷаҳон аст. Таърифи Толибон аз ҳуқуқи зан як таърифи суннатгароёна аст. То ҳол ҳеч кишвари исломӣ дар олам ба ғайр аз Толибон бо кор ва таълими занон мушкил надорад. Толибон ҳатто намоиши чеҳраи занро аз тариқи телевизион мамнуъ карданд. Дар робита ба ҳузури занону духтарон дар телевизион ҳукумати Толибон дастури бо рӯйпӯш зоҳир шудани занонро дар телевизион нашр кард.
Толибон танқидпазир ва ислоҳгаро нестанд. Дар як соли ҳукумати Толибон арзишҳое чун озодии баён ва ақида таназзул ёфтанд. Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар бист соли мавҷудияти худ озодии баён ва расонаҳо буд. Танҳо баъд аз чор моҳи ҳукуматдории Толибон тибқи омори созмони “Хабарнигорони бидуни марз” 231 расона бо омилҳои мухталиф фаъолияти худро қатъ карданд.
Боздошт ва шиканҷаи устоди Донишгоҳи Кобул Файзуллоҳ Ҷалол ва боздошту бозпурсии хабарнигори телевизиони “Тулӯъ” Баҳром Амон нишонаҳои хафа кардани озодии баён аз сӯйи давлати Толибон аст.
Аз рӯйи амалкарди сиёсӣ толибони имрӯза “толибони сиёсӣ” ҳастанд. Манофеи сиёсӣ барои Толибон дар ҳоли ҳозир аз ҳар чиз дида авлотар аст. Ба хотири қонеъ сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳо вонамуд месозанд, ки ба ҳуқуқи башар арҷ мегузоранд. Бинобар надоштани фаҳмиш аз ҳуқуқи башар ва мавҷуд набудани зербинои қонунгузорӣ дар ҳукумати Толибон чунин ба назар мерасад, ки масолили ҳуқуқибашарӣ дар ин кишвар доманадор аст.
Бар замми ин ҳама пасмондагиҳои иҷтимоӣ, кишварҳои минтақа аз рӯйи зарурат ва манфиат бо Толибон равобити иқтисодиро ба роҳ мондаанд.
Тоҷикистон, ки дар бахши энергетика бо Толибон созишнома имзо намудааст, то кунун расман аз мавқеи сиёсии худ нисбат ба ҳукумати нави Афғонистон изҳороте нашр накардааст. Аммо, ба назари банда, маҳз манофеи тоҷикони Афғонистон омили аслӣ барои ба роҳ нагузоштани муносибатҳои сиёсӣ аст.
Аз рӯйи дигар, муносиботи Тоҷикистон дар робита бо Афғонистон аз рӯйи амалкарди Русия, ки муҳимтарин шарики стратегии кишвари мо ба шумор меравад, дер ё зуд шакл мегирад.
Гуфтугӯ