Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш аз Панҷшер. Суҳбат бо Толибон ва фармондеҳони Ҷабҳа. Дар паси саҳна чӣ мегузарад?


Панҷшер. Акс аз бойгонӣ
Панҷшер. Акс аз бойгонӣ

Нашрияи амрикоии "The Washington Post" дар робита ба ҷанг дар дараи Панҷшер гузорише таҳия кард. Роҳбари намояндагии рӯзнома дар Исломободу Кобул, Сюзанна Ҷорҷ, ба пойгоҳи суннатии истодагӣ зидди Толибон дар Афғонистон рафта, вазъро аз наздик дидааст. Бар пояи ин гузориш, Толибон кӯшиши зиёде кардаанд, ки набардҳоро дар Панҷшер пинҳон доранд.

Дар гузориши рӯзномаи амрикоӣ омадааст, пас аз он ки иҷозаи сафар ба ин дараро гирифтанд, аз кӯҳҳо ва деҳаҳо, маҳалли ҷанг байни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат, боздид карданд. Дар ин сафар хабарнигорон иҷозат ёфтаанд, ба деҳаҳо сафар кунанд ва бо мардум суҳбат намоянд.

Ин гузориш аз ҳузури ҳазорон нерӯи Толибон дар ин вилоят ҳикоят дорад, дар ҳоле ки худи Толибон ҳар гуна даргириро дар Панҷшер рад мекунанд. "Ҳама чиз инҷо хуб аст," -- гуфтааст Насруллоҳ Маликзода, масъули маҳалли иттилоот дар Панҷшер. "Инҷо ҳеч ҷанг вуҷуд надорад," -- афзудааст ӯ.

Бошандагони маҳал ба гузоришгарони “The Washington Post” гуфтаанд, ҳамла ба постгоҳҳои Толибон як ҳодисаи оддӣ аст ва то ба ҳол даҳҳо нафар кушта ва баъзе ғайринизомиён ба таври густурда ба зиндон фиристода шудаанд.

"Дуруст аст, ки ҳеч кас намедонад чӣ иттифоқ хоҳад афтод," -- гуфтааст Гулзор, як дӯкондори 62-солаи панҷшерӣ. "Ба ҳеч кас иҷоза дода намешавад, ки ба инҷо биояд, ман намедонам Шумо чӣ гуна ба инҷо омадед," -- гуфтааст ӯ дар идома. Ин дӯкондор аз ҳузури хабарнигорони расона ҳайратзада шудааст.

Бо ин ҳол, Толибон ба ин расона иҷозаи бозтоби ҳодисаҳои Панҷшерро додаанд, дар ҳоле ки ҳеч расонаи дохилӣ ба ғайр аз расонаҳои тарафдори Толибон иҷозаи бозтоби ахбори ин вилоятро аз наздик надорад.

Сокинони Панҷшер ба “The Washington Post” гуфтаанд, даргириҳо аз поёни моҳи мубораки Рамазон афзоиш ёфтааст.

Баъид ба назар мерасад, ки даргириҳои Панҷшер таҳдиде дар кӯтоҳмуддат барои Толибон дар Панҷшер ё тамоми Афғонистон бошад. Аммо истодагарӣ дар Панҷшер иддаои Толибонро дар бораи ба армуғон овардани сулҳи сартосарӣ ва қодир ба ҳифзи амният будани ин гурӯҳ нақше бар об мекунад.

Як фармондеҳи тақрибан 100 нафар аз размандагони панҷшерӣ гуфтааст, “мухолифони Толибон асосан бо силоҳҳое муҷаҳҳазанд, ки аз тариқи марзҳои он бо Узбекистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон фиристода мешавад.”

“Мо ба қадри кофӣ муҳимот, аз ҷумла силоҳҳои вазнин, надорем. Мо аз сӯи чандин кишвар ҳимоят мешавем, аммо ба шумораи бештар ниёз дорем," – афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи яке аз сарони қавмӣ, ки аз фош шудани номаш худдорӣ кардааст, “ҳамлаҳо ваҳшиёнатар шудаанд, зеро талафот дар ҳар ду тараф афзоиш ёфтааст.” Ба навиштаи “The Washington Post”, ин фард шоҳид будааст, ки ҷангҷӯёни Толибон пас аз талафоти зиёд дар як ҳамла шумореро эъдом кардаанд.

Ин расонаи амрикоӣ менависад, нерӯҳои Толибон дар ҳама ҷо мушоҳида мешаванд ва таҷҳизоти низомии пешрафта дар канори дарёҳо ва боғҳо ҷой гирифтааст.

Додмуҳаммад Баттор, фармондеҳи пешини қитъаи сурхи Толибон дар Лағмон, акнун яке аз раҳбарони баландпояи нерӯҳои вижаи ин гурӯҳ дар Панҷшер аст. Ӯ гуфтааст, "вазъият инҷо комилан хуб аст. Мо ба гаштзанӣ меравем, аммо ҳеч амалиёте анҷом надодаем. Мо асосан инҷо ҳастем, то парвандаҳои ҷиноиро таҳқиқ кунем."

Толибон дар мавриди ин гузориш то ба ҳол чизе нагуфтаанд.

Ин гузориш дар ҳоле нашр шудааст, ки дар пайи ҷангҳои сахт миёни Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон, ба ду тараф талафоти зиёд ворид шудааст.

Ба гуфтаи муқовиматгарони Панҷшер, ҷангҳо пас аз моҳи мубораки Рамазон афзоиш ёфтаанд. Баҳор ҳамеша оғози фасли ҷанг дар Афғонистон аст, зеро ҳаво дар шимол мусоидтар мешавад ва манёврро барои муқовиматгарон осон мекунад.

Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер аз он замон то кунун “аморати исломӣ”-ро эътироф накардааст. Ҳамон гуна ки кишвару созмонҳои ҷаҳонӣ онро ба расмият нашинохтанд.

XS
SM
MD
LG