Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбаршо Искандаров: "Аввали кораш хуб буд, баъд идора карда натавонист" ВИДЕО


Акбаршо Искандаров
Акбаршо Искандаров
Мероси сиёсии Михаил Горбачёв, марде, ки дар айёми раҳбарии ӯ пояҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ рехт, як мавзӯи баҳсбарангез дар паҳнои Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон, мондааст. Ҷонибдоронаш ӯро барои тақдими озодӣ ва истиқлол ба миллионҳо нафар ситоиш мекунанд, вале мухолифонаш фурӯпошии абарқудрати вақтро фоҷеа медонанд. Тоҷикистон дар замони раҳбарии Горбачёв порае аз Шӯравӣ буд ва амалан аз Маскав фармонбардорӣ мекард.

Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, ки аз рӯйи вазифа бо Михаил Горбачёв нишасту бархостҳое дошт, назари худро ба мероси сиёсии ӯ чунин баён кард:

“Дар он давра яке аз кадрҳои горбачевӣ будам. Пас аз раҳбарии як силсила афроди синнашон аз ҳафтод боло, як шахси нисбатан ҷавон ба ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Мардум ба ӯ ба назари нек менигаристанд ва дар иҷрои барномаҳо мадад мекарданд. Махсусан, ислоҳоти “бозсозӣ” мардумро рӯҳбаланд карда буд. Ба ҳайси раиси Шӯрои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳама ҷаласаҳо ҳамроҳи Қаҳҳор Маҳкамов иштирок мекардем. Вилояти автономӣ дар назди Маскав обрӯйи калон дошт. Дар замоне ки иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Тоҷикистон будам, низ дар ҷаласаҳои Горбачев иштирок мекардам. Аввали кораш бисёр хуб буд. Аммо дар охир, дар солҳои 1990-91, ҷараёни демократӣ ба вуҷуд омад ва Горбачев ҳама корҳоеро, ки мегузашт, идора карда наметавонист. Вақти омодагӣ барои баргузории референдум дар бораи мондан ё намондани СССР, аз Тоҷикистон се нафар дар таҳияи санадҳо иштирок кардем. Ман, Рашид Каримович ва Ашӯрбой Имомов. Ҳама чиз дуруст буд. Ба назари ман, як хотираи манфие, ки аз Горбачев дорам, ҳамин аст, ки ӯ корро кашол дод ва ба пошхӯрии Шӯравӣ расонд.”

Радиои Озодӣ: Дар як навор дар паҳлӯи Горбачев истодаед ва сухан мегӯед. Кадом лаҳза буд ва дар бораи чӣ гап мезадед?

Акбаршо Искандаров: “Ин пас аз гузарондани референдум буд. Михаил Горбачев гуфт, роҳбарони ҳамаи ҷумҳуриҳо як-ду сухан гӯянд. Албатта, ман ҳам мавқеи Тоҷикистонро гуфтам, ки Душанбе ҳамавақт тарафдори Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Яъне, давлати Шӯравӣ бимонад.”

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, Горбачев дар воқеаҳои февралии соли 90 дар Тоҷикистон чӣ нақше дошт?

Акбаршо Искандаров: “Фикр мекунам, нақши хосе надошт. Ҳамон вақт дар ҳама ҷо ҷараёни демократӣ сар шуда буд. Аз назари демократӣ, Тоҷикистон аз Маскав ҳам пеш гузашта буд. Назорати сусти давлат боиси он шуд, ки ҳамин ҳодисаҳо сар бизананд. Аммо пеш аз мо дар Узбекистон, Қазоқистону Гурҷистон ва давлатҳои дигар сар зада буданд. Ин нишонаи он буд, ки роҳбарияти марказӣ дар маҳалҳо суст амал мекард.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Хотираи Акбаршо Искандаров аз Михаил Горбачев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:44 0:00

Радиои Озодӣ: Горбачев ба тарҳҳои истиқлолхоҳии ҷумҳуриҳои Шӯравӣ чӣ назар дошт?

Акбаршо Искандаров: “Ба фикри ман, назари хубе надошт. Мехост, маҳалҳо мустақилӣ дошта бошанд, вале айни замон дар кораш тарафдори он набуд, ки маҳалҳо истиқлоли хосеро ба даст биоранд. Як бартарихоҳи рус буд.”

Радиои Озодӣ: Дертар дар сиёсатҳои Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ таъсире дошт ё не?

Акбаршо Искандаров: “Ман фикр мекунам, ҳамчун шахсият дар сиёсати давлатҳои пасошӯравӣ ягон таъсире намегузошт.”

Радиои Озодӣ: Аммо сирри маҳбубияташ дар Ғарб чист?

Акбаршо Искандаров: “Сирри маҳбубияташ он аст, ки коре, ки ғарбиҳо мехостанд, ба дасти Горбачев ба охир расонданд. Оқибат як давлати абарқудрат, ки ғарбиҳо зӯрашон намерасид, ба дасти Горбачев аз байн рафт. Дар миёни онҳо маҳбубияти калон дорад, аммо барои аксарияти мардум як шахсияти манфӣ аст. Системаи давлатиеро, ки солҳои дароз аз он ифтихор доштем, барҳам дод.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG