Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро табибон ба издивоҷи 22 ҷавони тоҷик иҷоза надоданд? ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон дар ним сол монеи тӯйи 22 ҷавоне шудаанд, ки ҳангоми санҷиши пеш аз никоҳ дар бадани онҳо вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ёфтаанд. Мутахассисон мегӯянд, онҳо баъди муолиҷа ҳақ доранд, оила барпо кунанд. Радиои Озодӣ чанд ҷавони беморро ёфт, аммо нахостанд, дар бораи ин бахши зиндагияшон гап зананд. Дар Тоҷикистон тақрибан понздаҳ ҳазор мубталои ВИЧ ҳастанд.

"Ӯ рафту дард бо ман монд"

"Ҳашт сол боз месӯзаму ранҷ мекашам. Ҳар кас ҳар хел қабул мекунад, аммо бештари назарҳо манфиянд." Муҳсибаи 31-сола*ном тағйир дода шудааст аз шаҳри Ваҳдат ба ВИЧ ё вируси норасоии масунияти бадан мубтало аст. Мегӯяд, дар 16-уним солагӣ ва бо хости волидон издивоҷ карду танҳо ҳангоми таваллуди тифли дувум фаҳмид, ки бемор аст.

"Соли 2015 шавҳарам аз Маскав баргашт. Баъди ҳамон бемор шудам. Ҳатто аз ҷоям хеста натавонистам. Бародарам ба беморхона бурд. Санҷиданд, ки ВИЧ баромад. Ростӣ, ақлам намегирифт, ки чӣ беморист. Вақте фаҳмидам, зиндагӣ дигар маъно надошт. Фикр мекардам, имрӯз ё фардо мемирам," – нақл кард ӯ рӯзи 30-юми август.

Видеоро дар инҷо бинед:

Табибон монеи тӯйи 22 ҷавони тоҷик шудаанд. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00

Муҳсиба бовар дорад, вирус аз шавҳари муҳоҷираш ба ӯ сироят карда буд ва иддао дорад, ки шавҳару хонаводааш бемории ӯро пинҳон доштаанд. Шавҳараш фавтидааст ва ҳоло ба танҳоӣ ду фарзандро бузург мекунад. "Як духтари деҳотӣ будам. Намефаҳмидам. Ҳаминаш бисёр аламовар аст, ки ба хотири бачаашон маро дардманд карданд. Ӯ мурд, вале ман бо ин дард мондам. Ҳамон вақт гуфта метавонистанд, ки касал аст ва ба ту мегузарад," – гуфт ӯ.

Аксар занҳои мубтало ба ВИЧ дар Тоҷикистон бовар доранд, аз шавҳарони муҳоҷирашон сироят ёфтаанд.

Дар ҷустуҷӯи ҳамтақдирон

Дилшод Сайраҳмонов, мудири Маркази мубориза бо бемории масунияти бадан дар ноҳияи Синои Душанбе, мегӯяд, шахси мубталои ВИЧ ҳақ дорад, оила барпо кунад, аммо пеш аз он бояд табобат гирад.

Ӯ афзуд: "Аз табобати зиддиретровирусӣ мегузаранд. Дар муддати 2-3 моҳи оянда вируси норасоии масунияти бадан пурра то ҳадди ниҳоӣ кам мешавад. Шахс ҳамчун сарчашма наметавонад, ягон нафарро сироят кунад." Ҳамсуҳбати мо гуфт, соли гузашта ва дар нимсолаи аввали имсол издивоҷи гирифторони ВИЧ дар пойтахт сабт нашудааст.

Дилшод Сайраҳмонов,
Дилшод Сайраҳмонов,

Ҳоло бештари ҷавононе, ки гирифтори ВИЧ ҳастанд, бахташонро аз миёни ҳамтақдирон меҷӯянд. Улуғбеки 27-сола зодаи Узбекистон аст ва дар Тоҷикистон тиҷорат дорад. Ӯ барои издивоҷ ҳамтақдирашро меҷӯяд.

"Вақте бо зани солим издивоҷ мекунӣ, албатта, бе ҷангу ҷанҷол намешавад. Мавридҳои зиёде мешаванд, ки дар пайи ин ҷанҷолҳо занҳо аз хона баромада мераванд. Дар хонаи волидон мегӯянд, ки шавҳараш гирифтори ин беморӣ аст ва бо ӯ издивоҷ карда, вале шавҳараш муносибати бад дорад," -- афзуд ӯ.

Ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ дар Тоҷикистон, дар шаш моҳи имсол дар кишвар 548 мавриди нави гирифторӣ ба беморӣ сабт шудааст. 196 нафари онҳо занон будаанд.

Аз соли 1991 то ҳол теъдоди умумии гирифторони беморӣ дар Тоҷикистон 14 ҳазору 540 нафар гуфта мешавад, ки беш аз сеюним ҳазори онҳо фавтидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG