Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси ҳазорҳо хонандаи мактаб барои ҷилавгирӣ аз ВИЧ. ВИДЕО


Пизишкон хуни тақрибан 120 ҳазор хонандаи мактабро дар Тоҷикистон ташхис хоҳанд кард, ки оё гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ҳастанд ё не. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин кор маълум кардани кӯдакони олуда ба ВИЧ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани онҳост. Маърака то нимаи моҳи феврали имсол идома мекунад.

  • Дар миёни беш аз 7 ҳазор гирифтори бемории вируси норасоии бадан дар Тоҷикистон беш аз 800 нафарашон кӯдак ҳастанд.
Онҳо аз он хавотир ҳастанд, ки мабодо як сӯзанро ба чанд кас истифода накунанд. Нафароне буданд, ки мехостанд фарзандашон дар бемористонҳо аз ташхис гузаранд. Дар синфи ман танҳо як нафар барои ташхис дар мактаб розӣ нашуд

"Баъди суҳбат бо мутахассисон, розӣ шудам​"

Ҷамила, модари ду кӯдаки мактабхон, аз тарафи маъмурияти мактаб нома гирифт, ки кӯдаконаш аз ташхиси ВИЧ гузаранд ва ӯ бояд иҷозаи хаттӣ бидиҳад. Вай танҳо баъди суҳбат бо мутахассисон ва омӯзгорон ба ин кор розӣ шуд.

"Илова ба ин, шавҳарам гуфт, бояд худат дар ҷараёни хунгирӣ иштирок кунӣ. Назорат кунӣ, ки дар шароити хуб ташхис мешаванд", - нақл кард ӯ рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин сокини Душанбе гуфт, аз сиҳатии кӯдаконаш шикоят надорад, аммо, пас аз шунидани қиссаҳо дар бораи гирифтории кӯдакон ба ВИЧ аз роҳҳои номаълум, бо каме ҳарос дар интизори посух аст. Фарзандони Ҷамила рӯзи 23-юми январ дар қатори садҳо хонандаи дигар дар 6 мактаби пойтахт аз ташхиси тиббӣ барои маълум кардани вируси норасоии масунияти бадан гузаштанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ташхиси ҳазорҳо хонандаи мактаб барои ҷилавгирӣ аз ВИЧ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

"Ташхис бепул аст"

Дилшод Сайбурҳонов, муовини раиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи таҳлили онҳо хонандагони мактаб аз гурӯҳҳои осебпазир нестанд, вале зарур донистанд, ки як қисми хонандагонро ташхис кунанд.

“Маърака бепул аст. Таҳиқиқоти мазкур ба мо имконият медиҳад, ки дар оянда нақшаи чорабиниҳоро омода карда, тибқи он барои пешгирӣ аз паҳншавии ВИЧ дар миёни байни кӯдакон кор барем”, - гуфт ӯ.

Лаҳзаи ташхиси кӯдакон дар яке аз мактабҳои пойтахт
Лаҳзаи ташхиси кӯдакон дар яке аз мактабҳои пойтахт

Дар доираи ин таҳқиқот, қарор аст, дар чаҳор шаҳри кишвар 119 ҳазор кӯдак аз ташхиси ВИЧ гузаранд. Ташхиси хуни кӯдакон бо иҷозаи волидон дар дохили мактабҳо гузаронида мешавад.

Волидон аз чӣ нигаронанд?

Матлуба Умарбоева, омӯзгори мактаби рақами 88-и пойтахт, рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз ташхис онҳо зарурати иқдомро ба волидон фаҳмондаанд. Ба қавли омӯзгор, “аксари волидон аз ин иқдом ҷонибдорӣ карданд, вале онҳое ҳам буданд, ки ё бо мушкил ваё бо дудилагӣ иҷоза доданд”.

Вай афзуд, “онҳо аз он хавотир ҳастанд, ки мабодо як сӯзанро ба чанд кас истифода накунанд. Нафароне буданд, ки мехостанд фарзандашон дар бемористонҳо аз ташхис гузаранд. Аз синфи ман танҳо як нафар барои ташхис дар мактаб розӣ нашуд ва гуфт, ки худаш мебарад.”

Аммо масъулони Маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан гуфтанд, кафолат медиҳанд, ки як сӯзан ё “тест” барои як нафар истифода шуда, қоидаҳои беҳдорӣ риоят шавад. Дилшод Сайбурҳонов, муовини раиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ гуфт, ин шабу рӯз волидон ба телефони ӯ ҳам беист занг зада ва ба суолҳои зиёди худ посух гирифтан мехоҳанд.

"Натиҷаи ташхис махфӣ аст"

“Суолҳо дар мавриди махфӣ нигоҳ доштани натиҷаҳо ва шароити гузаронидани ташхис зиёд аст. Аз дастпӯшак то “тест” як дафъа истифода мешаванд. Ҳар кӯдак дар утоқи аз ҷиҳати санитарӣ тозаву озода ва гарм аз ташхис мегузарад”, - шарҳ дод ӯ.

Мақомот мегӯянд, натиҷаҳои ташхис махфӣ буда, танҳо ба Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ ирсол мегардад. Дар сурати ошкор шудани вируси норасоии масунияти бадан дар бадани хонанда, баъди се рӯзи ташхис волидони ӯ барои суҳбат ба Марказ даъват мешаванд.

Тибқи омори расмӣ шумори кӯдакони олуда ба ВИЧ дар саросари кишвар беш 870 нафар ҳисоб шудааст. Теъдоди умумии афроди сироятёфта беш аз 7 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ки 65 дар сад мард ва 35 дар садашон зан ҳастанд.

Мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар доираи ташхиси тиббии як гуруҳ аз хонандагон, инчунин, қаду баст ва дар маҷмӯъ сиҳатии кӯдакон санҷида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG