Бо дархости муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон муҳлати боздошти Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дароз кардаанд. Ӯ, ки бо "ҳукми сафед"-аш маъруф аст, ба "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" ва "расондани хабари дурӯғ" гумонбар аст, вале худашу наздиконаш иттиҳомро сохта медонанд.
Муҳлати ҳабси додраси пешинро рӯзи 25-уми август додгоҳи сайёре дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе дароз кардааст. Яке аз наздиконаш 30-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар он мурофиа додраси собиқ иштирок надошт.
"Аз тарафи ӯ вакили мудофеъ иштирок кардааст. Дар ду моҳе, ки тафтиши парванда ҷараён дорад, ҳеч тағйироте нест," – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Муфаттишони Додситонии кул дар пайванд ба таҳқиқи қазияи Рустам Саидаҳмадзода суҳбат намекунанд.
Саидаҳмадзода моҳи июни имсол дастгир шуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон 6-уми июл фармони барканории ӯро содир кард ва ба "кирдоре" муттаҳам донист, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".
Дар фармон дақиқ нагуфтанд, ки гап дар бораи чӣ меравад, аммо дертар раиси Додгоҳи олӣ зердасташро ба баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва дидаву дониста додани хабари дурӯғ гумонбар донист. Чизе, ки худашу наздиконаш сохта медонанд.
Рустам Саидаҳмадзодаи 43-сола панҷ сол боз дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор мекард. Номи ӯ соле пеш ва баъд аз онки нисбати як сокини вилояти Суғд "ҳукми сафед" бароварду зери фишор монд, расонаӣ шуд.
Дар Тоҷикистон, ки додгоҳ як шохаи ҳокимият асту мақомот онҳоро озод ва мустақил мешуморанд, вале созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.
Он замон Коллегияи тахассусии Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмадзодаро ба вайрон кардани интизоми корӣ гунаҳкор донист ва огоҳӣ дод. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ё ICJ баръакс аз мақомот хост, фишорро бас карда, озодии додрасҳоро халалдор накунанд.
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъолият доранд. Онҳоро раисҷумҳур таъин мекунад.
Ба иттилои расмӣ, аз аввали имсол чаҳор додрас боздошт шудаанд. Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси пешини Додгоҳи Хуҷанд ва зердасташ Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани ришва гумонбаранд. Як додраси Додгоҳи ноҳияи Сино, ки номаш фош нашудааст, низ ба гирифтани ришва гумонбар аст.
Гуфтугӯ