Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ба ғалатнависии калимаҳо поён бидиҳанд. Мақомот мегӯянд, ин кор пас аз пурра шудани фарҳанги нави имло имконпазир хоҳад шуд. Коршиносон мегӯянд, нақшаи хуб аст, вале иҷрояш саҳлу содда нест.
Ба иттилои раиси Кумитаи забону истилоҳот дар Тоҷикистон, дар фарҳанги нави имло тарзи дурусти навиштани тақрибан ду миллион калима нишон дода хоҳад шуд. Олимҷон Муҳаммадҷонзода охири ҳафтаи гузашта гуфт, "баъди тасдиқи санад аз сӯйи ҳукумат мушкили духуранависии вожаҳо дар забони давлатӣ аз байн хоҳад рафт."
"Интизор меравад, ин кор то рӯзи забон, 5-уми октябр, тасдиқ шавад," – афзуд ӯ.
Дар солҳои баъд аз касби истиқлол дар Тоҷикистон масоили имлои забон ва духуранависии калимаҳо ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Ба қавли баъзе аз соҳибназарон, "чунин хатоҳо дар суҳбати мардуму суханронии мақомот ва навиштаҳои хабарнигорон зиёд дида мешаванд".
Абдухолиқ Набавӣ, адабиётшиноси тоҷик, ба ин назар аст, ки мушкили духуранависӣ дар забонро бо таҳияи луғате намешавад аз байн бурд.
"Духуранависиро бояд бо таҳияи қоидаҳои солими имло ва дарки мақому ҷойи ҳар як садо, овоз ва дақиқ кардани мақоми маънисозии забон мешавад аз байн бурд. Мушкили духуранависӣ ба ин зудӣ аз байн намеравад. Забоншиносҳо бояд сари ин мушкил заҳмати зиёде кашанд ва шояд дар оянда ин кор анҷом шавад," – шарҳ дод ӯ.
Ҳамзамон Кумитаи забону истилоҳот ният дорад, дар моҳи октябр барномаи тоҷикии "ислоҳнигорӣ" ё "ғалатёб"-ро дар компютер муаррифӣ кунаду ба истифода диҳад.
Рустам Гулов, коршиноси масоили фанновариҳои ҷадид дар Тоҷикистон, мегӯяд, то ҳол корбарон дар ин маврид бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ ҳастанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "вақте корбарон дар компютер матни русӣ ё англисӣ менависанд, ғалатгир зуд шакли дурусти калимаро нишон медиҳад."
"Ҳоло дар компютер матни тоҷикиро менависед, намефаҳмад, ки кадом калима дуруст навишта шудааст. Агар барномаи “ислоҳнигорӣ” шакли дурусти навишти калимаро пешниҳод кунад, хеле хуб аст. Вақте корбар пайваста хатои имлоии худро мебинад, дар ниҳоят саводнокиаш ҳам беҳтар шуда, навиштани бехаторо меомӯзад," – бовар дорад Гулов. Айни замон гуруҳе дигар мегӯянд, ин барнома баръакс мардумро бепарво карда, ба хатоҳо хоҳад афзуд.
Дар зимн, ба иттилои Олимҷон Муҳаммадҷонзода, Кумитаи забон ва истилоҳот ва Академияи миллии илмҳо дар ҳоли таҳияи ҷилди севуми "Фарҳанги забони тоҷикӣ" ҳастанд. Таҳияи ҷилди севум дар солҳои Шӯравии собиқ шуруъ ва сипас боздошта шуда буд.
Ба гуфтаи Муҳаммадҷонзода, ҷилди севуми фарҳанг бояд то соли 2026 таҳия ва нашр шавад. Ҳамзамон, забоншиносони тоҷик машғули таҳияи луғати нави забони “Тоҷикӣ-русӣ” ва “Русӣ-тоҷикӣ” будаанд.
Гуфтугӯ