Агар академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, писари қозикалони Бухоро, зинда мебуд, ба синни 95 мерасид. Ӯ нӯҳ сол пеш дар шаҳри Душанбе даргузашт, аммо қабл аз он дар Теҳрон буд ва муолиҷа мегирифт.
Рӯзҳои охири умр – дар Теҳрон
Фирӯз Ҳамдамов, намояндаи собиқи ширкати "Тоҷик Эйр" дар Эрон, мегӯяд, Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бемористони "Меҳр" хобида буд. "Пизишкон ва парасторони беҳтарин муолиҷа мекарданд. Ҳар вақт мерафтем, машғули мутолиа буданд ё бо шогирдон баҳс мекарданд. Пушти дари бемористон шогирдону ҳаводорон навбат меистоданд, ки аз вазъи саломати Муҳаммадҷон Шакурӣ бипурсанд", -- ба ёд овард Ҳамдамов.
Ба нақли ӯ, дар рӯзҳои охири муолиҷа Анвар Шукуров, писари Муҳаммадҷон Шакурӣ, низ аз Бритониё ба Теҳрон рафта, падари худро парасторӣ мекард.
Муҳаммадҷон Шакурӣ аз мунаққидон ва забоншиносони пуркори тоҷик буд, ки берун аз Тоҷикистон, аз ҷумла дар кишварҳои форсизабон, шинохта шуда буд. Яке аз сабабҳои маҳбубияти ӯро ба роҳбариаш дар тими ноширони "Фарҳанги забони тоҷикӣ" дар соли 1969 пайванд медиҳанд.
Ӯрун Кӯҳзод, нависандаи тоҷик, нақши Шакуриро дар рушди забон ва адабиёти тоҷик муҳим донист. Ӯ гуфт: "Шакурӣ дар замони худаш, дар майдони адабиёт, забон ва луғат як навъ вазифаи ҳакамӣ дошт. Агар варақ занед, мебинед, қариб ягон асаре дар бораи забон, адабиёт ва луғат нест, ки бе ширкат ва сарварии Шакурӣ чоп шуда бошад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Чаро Шакурӣ забонро пеш гузошт?
Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳудуди 60 сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Абдураҳмон Абдуманнонов он солҳо муовини мудири ин муассисаи илмӣ буд ва мегӯяд, Шакурӣ дар пажӯҳиши забони адабии тоҷик заҳмат кашидааст.
Ӯ ба унвони мисол аз китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад" ёдоварӣ кард, ки то ин авохир китоби рӯимизии бештаре аз нависандагону хабарнигорон дониста мешавад. Худи Муҳаммадҷон Шакурӣ низ ин китобро беҳтарин асари худ медонистааст.
Абдуманнонов гуфт: "Аз муаллим пурсидам, ки ин қадар дар бораи адабиёт китоб навиштед, вале ин китобатонро аз ҳамаи онҳо болотар донистед. Гуфтанд, замон унсури аввали миллият аст."
Абдураҳмон Абдуманнонов мегӯяд, дар пайи пажӯҳишҳои бисёрсолааш Муҳаммадҷон Шакурӣ аз муаллифони мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар оғози ҷунбишҳои милливу худогоҳии тоҷикон дар охирҳои даҳаи 1980-и қарни гузашта буд. Яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989-ум аст.
Писари қозикалон зери фишор монд?
Падари Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, то Инқилоби Октябр дар Аморати Бухоро қозикалон будааст, ки баъдан дар зиндони Шӯравӣ фавтидааст. Ба гуфтаи Ӯрун Кӯҳзод, маҳз ҳамин нукта дар замони Шӯравӣ боиси фишорҳову маҳдудиятҳое дар фаъолияти Муҳаммадҷон Шакурӣ шудааст.
"Ҳамин хел ҳолатҳо буд. Баъзеҳо муаллимро таъна мекарданд, ки модоме ӯ аз камбағалҳо нест, писари қозикалон аст, чандон бовар кардан ҳам даркор нест", -- нақл кард ӯ.
Аскар Ҳаким, раиси пешини Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти вақти Тоҷикистони Шӯравӣ талош мекарданд, номи Муҳаммадҷон Шакурӣ дар миёни ҷомеа матраҳ набошад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷашни 50-солагии донишманд нашрияҳо хомӯширо ихтиёр карда, танҳо Бӯриниссо Бердиева, сардабири "Маориф ва маданият", матлаби ҷашниро дар бораи ӯ ба нашр расондааст.
Сару садоҳое низ буд, ки дар замони истиқлол баъзе аз донишмандони тоҷик Шакуриро зери фишор мегирифтанд, вале мақомот ҳамвора аз қадрдонии ӯ гуфтаанд.
Муҳаммадҷон Шакурӣ дар зиндагии худ бо завҷаи аввал соҳиби се писар – Шариф, Анвар ва Рустам шудааст, ки ҳар яке ҳоло аз донишмандони саршиноси арсаи худ дар Русия ва Бритониё мебошанд. Дар даҳаи 90-ум бо духтари нависандаи машҳур Ҷалол Икромӣ издивоҷ кардааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ 16-уми сентябри соли 2012 дар манзили худ дар Душанбе даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи "Лучоб" дафн карданд.