Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зӯрам намерасад." Дарди кӯҳнаи соли нави хониш дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Фурӯши либосҳои мактабӣ дар Душанбе
Фурӯши либосҳои мактабӣ дар Душанбе

Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Теъдоде аз волидон мегӯянд, мактабҳо бо ширкату корхонаҳои алоҳида шартнома доранду либоси ягона бисёр гарон аст ва хариди он барои хонаводаҳои серфарзанд – миёншикан. Мақомот мегӯянд, либоси ягонаи ҳатмӣ ва истеҳсоли дохилӣ барои ҷомеаву иқтисоди кишвар хуб аст, аммо маҷбурӣ нест, ки танҳо аз як ширкат харида шавад.

"Чӣ гуна онҳоро хононам?"

Диловар, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, чаҳор фарзанди мактабхон дорад. Ӯ дар ҷустуҷӯйи либоси арзонтар ба намоишгоҳҳои сершумори Душанбе омадааст, аммо ба гуфтааш чизи муносибе ба ҷайбаш намеёбад.

"Фарзанди хурдиям дар синфи якум ва калонияш дар синфи нӯҳум мехонанд. Ба ман гуфтанд, барои харидани либосу пойафзоли як нафар ҳазор сомонӣ даркор аст. Барои чаҳор кас – чаҳор ҳазор сомонӣ. Аз куҷо ёбам ва чӣ кор кунам? Чӣ гуна онҳоро хононам?" -- гуфт ӯ рӯзи 24-уми август.

Арзиши як шиму костюми кӯдакон дар пойтахт вобаста ба андоза ва сифат аз 150 то 650 сомонӣ аст. Аксар оилаҳо дар Тоҷикистон камаш аз ду то чаҳор фарзанди мактабхон доранд.

Ду фарзанди Амон Қаландаров, сокини пойтахт, дар мактаб мехонанд ва ӯ либосро аз корхонаи "Нассоҷии тоҷик" мехарад ва сабабшро чунин гуфт: “Мактабе, ки бачаҳо мехонанд, бо корхонаи “Нассоҷии тоҷик” шартнома дорад. Ҳар сол барои кӯдакон аз ҳамин ҷой либос мехарем. Метавонанд, соли оянда ҳам пӯшанд. Нисбатан арзонтар аст. Ман ба 300 сомонӣ шиму костюм, куртаву галстук харидам.”

Видеоро дар инҷо бинед:

"Зӯрам ба хариди либос барои 4 нафар намерасад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:57 0:00

Шикоят аз сифат

Харидани либоси мактабӣ ба фарқ аз шаҳру ноҳияҳо дар пойтахт фарқ дорад. Баъзе аз мактабҳои шаҳри Душанбе, бахусус литсею гимназияҳо, либоси мактабиро аз ширкатҳои хусусӣ низ мегиранд. Нигаронии баъзе волидон аз он аст, ки сифати либосҳо чандон хуб нест.

Писари Дилшод, як сокини пойтахт, имсол ба яке аз гимназияҳои шаҳри Душанбе ба синфи якум қабул шудааст ва ба онҳо гуфтаанд, либосро аз ширкати "New Еra" харида, чек ё расидро ба мактаб супоранд.

"Либосе, ки мо харидем, фақат як шиму костюм 600 сомонӣ аст. Сифаташ чандон хуб нест. Либоси пахтагие, ки Вазорати маориф дар дастурамалаш тавсия додааст, дида намешавад. Намедонам, чаро бояд аз ҳамин ширкат ва либосро маҳз бо чунин сифати паст харид? Бигзор, истеҳсоли ватанӣ бошад, аммо бояд сифаташ хуб бошад," – гуфт ӯ.

Масъулони Оҷонси "Тоҷикстандарт" эътироф мекунанд, ки феълан матоъҳои ватанӣ барои дӯхтани либосҳои мактабӣ мувофиқ нестанд ва аксари онро аз хориҷа меоранд.

Ба қавли Ситора Шерзода, муовини раиси Оҷонси "Тоҷикстандарт", "ҳоло танҳо матои истеҳсолкардаи як корхона дар вилояти Суғд қобили қабул ва ба меъёр ҷавобгӯ аст. Дар бораи истеҳсоли матоъҳо кор карда истодаем. Дар бораи рангаш мутахассисони мо тавассути таҷҳизоти нав кор мекунанд."

Маҷбурӣ ё ихтиёрӣ?

Имсол 70 корхона дар Тоҷикистон барои таҳияи либоси мактабӣ изҳори омодагӣ кардаанд. Онҳо бояд то оғози соли нави хониш ҳудуди 1,5 миллион либоси мактабӣ ба бозор бароранд. Ҳоло танҳо коргоҳи “Нассоҷии тоҷик” давлатӣ, буда корхонаҳои “Ёқут-2000” ва “Дунёи нав”, ки хусусӣ ҳастанд, калонтарин истеҳсолкунандаҳои либосҳои мактабӣ ном бурда мешаванд.

Аз соли 2007 дар мактабҳои Тоҷикистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст. Дар аввал волидон ҳаққи интихоби либосро барои фарзандон доштанд ва онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд, чун арзонтар аст. Солҳои охир аз волидон талаб мешавад, ки либосҳоро аз ширкатҳои ватанӣ бигиранд ва баъзан чек ё расидашро низ пешниҳод кунанд.

Мавридҳои маҷбуран харидани либосҳои мактабӣ борҳо садо додааст. Ҷалолиддин Амиров, як масъули Вазорати маорфи ва илм, мегӯяд, “хонанда ихтиёр дорад ва метавонад, аз корхонаи саноатӣ либос харад ё аз мағоза бигирад. Ё айнан ҳамин либосро дар коргоҳи дӯзандагии пеши хонааш супориш диҳад. Манзур ин аст, ки либос истеҳсоли ватанӣ бошад. Аз пахта ва шинаму зебо. Аз хориҷ овардаву синтетикӣ набошад.”

Ҷалолиддин Амиров
Ҷалолиддин Амиров

Дар ҳар сурат, ҳомиёни ҳуқуқ борҳо инро як навъ поймоли ҳуқуқи мардум донистаанд. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ либосҳои мактабиро тиҷорати як гурӯҳ аз мансабдорон ва ё пайвандони онҳо меноманд. Чизе, ки мақомот рад мекунанд.

Дар тақрибан 4 ҳазор мактаби Тоҷикистон зиёда аз як миллион кас мехонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG