Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон даргузашт


Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон.
Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон.

Нур Табаров, адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон шаби гузашта дар сини 81-солагӣ даргузашт. Наздикон ва дустонаш гуфтанд, ки ӯ солҳои ахир аз беморӣ ранҷ мебурд

Маросими видоъ ва ҷанозаи ин шахсияти шинохта субҳи 15-уми август дар назди хонааш дар пушти чойхонаи "Роҳат" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор шуд. Сипас тобути ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.

Нур Табаров солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис ва ходими сиёсисву фарҳангӣ кор карда, солҳои ахир бознишаста буд.

Номи Нур Табаров соли навадум дар ҳодисаҳои мавсум ба “Баҳманмоҳи хунин” дар баробари Бурӣ Каримов, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев ҳам пайванд дода мешуд. Аммо борҳо онҳо изҳор доштаанд, ки мехостанд барои рафъи буҳрони он вақт пеш омада кумак кунанд.

Ӯ, ки номаш дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин гиреҳ хӯрда буд, баъд аз сӣ сол дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ узр пурсиданашро аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ "талаботи замон" донист, аммо гуфт, аслан ҳоҷати чунин узрхоҳӣ набудааст.

Аз Нур Табаров ҳамчун як нафари сахтгир ва ташаббускор ном мебаранд, ки маҳз дар давраи вазирии ӯ ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврӯз” ба миён омад, ки бевосита дар он саҳм дошт.

Ба гуфтаи коршиносон, фаъолияти кории Нур Табаров дар ду самт равона шуда буд. Яке сиёсат, ки роҳбарии шӯъбаи фарҳанги Ҳизби комунисти вақт, вазири фарҳанг ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва дигар фаъолияти эҷодӣ. Дар самти фаъолияти эҷодӣ Нур Табаров ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва драматург корҳои зиёдеро анҷом дод.

Нур Табаров соли 1941 зода шуда, соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва солҳои 70-ум мактаби олии ҳизби коммунистро хатм кардааст. Фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон, "Навиди Бозаргон", сармуҳаррири маҷаллаи "Помир" кор кардааст.

Муҳаққиқон авҷи фаъолияти хабарнигории Нур Табаровро ҳангоми кор дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" медонанд. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳо, аз ҷумла "Вагони охирин", "Тарс", "Паёми Зардушт", "Суробҳо", "Шикасти ташнагӣ", "Чашмони бародари қиёматӣ" ва "Дар чорсӯ" аст.

XS
SM
MD
LG