Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Куштанд Пошшо Анвара". Сад сол пеш дар Балҷувон (Бахши 2)


Ба муносибати 100-умин солгарди марги Анвар Пошшо. Андешаҳо.

Камолиддин Абдуллоев, таърихнигор

Бахши дувум

100 сол пеш рӯзи Ҷумъаи санаи 4–уми августи соли 1922 иди асосии мусулмонон – Ид ал-Адҳо, маъруф ба Иди Курбонро таҷлил мекарданд. Айнан дар ҳамон рӯз дар Балҷувон Анвар Пошшо кушта шуда буд. Бахши аввали ин матлабро ин ҷо метавонед пайдо кард.

Қаҳрамон ё ҷинояткор?

Дар Туркия ва хориҷ аз он дар бораи кӣ – қаҳрамон ё ҷинояткор – будани Анвар Пошшо солҳост, ки баҳсу мунозира поён намеёбад. Исломгароён ва либеролҳои Туркия барои бетаҷрибагӣ ва салиқаи диктотурии раҳбариаш ба Анвар Пошшо нафрат доранд, дар ҳоле ки барои пантуркистон, ки шумораашон ҳам дар Туркия ва ҳам дар хориҷи он рӯз аз рӯз меафзояд, вай, бешубҳа як қаҳрамони бечунучаро аст. Ва аммо, ба назари ман, аксари онҳое, ки ба таърих шавқ доранд, ӯро як моҷароҷӯ ё авантюристи хатарнок ва ҷинояткор мешуморанд ва дар зимн, як шахси пурасрор ва ғайриодӣ. Баҳсҳое ки дар матбуот ва форумҳои интернетӣ мегузаранд, нишон медиҳанд, ки таваҷҷӯҳ ба шахсияти Анвар Пошшо коҳиш наёфтааст.

Анвар Пошшо ҳамчун як ҷавони ислоҳотхоҳ, чун як низомии касбӣ ва як фаъоли ҷунбиш барои сарнагун кардани низоми худкомаи Салтанати Имперотурии Усмонӣ таҳти сарварии Абдулҳамиди II ба таври ногаҳонӣ дар соли 1908 маъруфият пайдо кард. Аллакай дар синни 27-солагӣ ба ӯ рутбаи женерол-лейтенант дода шуд. Пас аз як сол, дар соли 1909, Анвар Пошшоро атташеи низомӣ дар Берлин таъин карданд ва то соли 1911 ӯ дар он ҷо хизмат кардааст. Артиши олмониҳо ба Анвар Пошшо хеле писанд омад, аммо ӯ олмондӯсти бечунучаро ва бозичаи итоаткоре дар дасти олмониҳо набуд. Пас аз табаддулоти моҳи январи соли 1913, ки яке аз ташкилотчиёни он худи Анвар Пошшо буд, ӯ бо ҳамроҳиии Талъат Пошшо ва Ҷамол Пошшо диктотурии ҳарбии "се Пошшо"-ро таъсис дод ва дар асл тамоми қудратро дар Туркия ба дасти худ гирифт.

Соли 1914 Анвар дар Туркия се вазифаи калидиро дар даст дошт: муовини Сарфармондеҳи тамоми қушунҳо (расман Султон сарфармондеҳ буд), сардори ситоди кул ва вазири мудофиа. Яъне, метавон гуфт, ки то оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳон женерол Анвар Пошои 33-сола сарфармондеҳи яке аз артишҳои, бигзор заифтарини Аврупо буд. Вай орзуи дигаре ҳам дошт, ки пешвои тамоми мусулмонон шавад ва дар соли 1913 бо Ноҷия Султон, ҷияни Султони Туркияи Усмонӣ издивоҷ кард. Аз он замон ӯро ҳамчун домоди авлоди Паёмбар (с) мешиносанд. Шояд айнан аз ҳамин замони фароҳам омадани ҳама имкониятҳо барои амалӣ гардидани орзуҳои бузурги Анвар Пошшо сари ӯ “чарх задааст”. Дар ҳоле ки дар салиқаи рафтори ӯ нуқсонҳои ҷиддие бармало буд – аз ҷумла, камбуди хислатҳои зарурие барои як раҳбар ба мисли сабру тоқат, масъулиятшиносӣ, малакаи ҳисобу китоб барои амалиёти дарозмуддат. Ва аз соли 1914 чархи болоравандаи тақдирсозаш дар як он рӯ ба нишеб ниҳод.

Дар ҳашт соли оянда ӯ чанд тасмими фаврии нопухтаву норасо гирифт, ки дар ҷамъ ҳамаи онҳо боиси маргаш шуданд. Моҳи ноябри соли 1914 Анвар Пошшо дар бораи пайвастан бо Олмону Утриш–Маҷористон ва дар тарафи онҳо ворид шудани Имперотурии Усмонӣ ба Ҷанги Ҷаҳонии Аввал зидди Антанта (Русия, Фаронса ва Британияи Кабир) қарор кард. Ӯ метавонист тарафи Инглистон ва Русияро гирад ё ҳатто бетараф монад, ончуноне, ки сармеъмори сиёсати Бритониёи Кабир Уинстон Черчилл ба ӯ маслиҳат дода буд. Аммо Анвар Пошшо аз сарҳади Русия, ки метавонист ба Анатолияи шарқии арманитабор даъво кунад, нигарон буд.

Барои Туркия ворид шудан ба ҷанг тасмими фоҷиабор буд, зеро дар натиҷаи он 3 миллион нафар аз раъияти Султон, аз ҷумла ғайринизомиён кушта шуданд. Амалиёти низомии Анвар Пошшо ҳам дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ номуваффақ буд, зеро ӯ қисми зиёди мулкҳои Туркияро дар Аврупо (дар Балкан) аз даст дод. Дар охири соли 1914 Анвар Пошшо мардуми Туркияро дар Сариқамиш дар ҷабҳаи зидди русҳо ба ҷанги барояшон бегона бурда буд. Ин амал оқибати даҳшатборе – марги се қисмати артиши Туркия (75 000 нафар) –ро ба бор овард. Аксари сарбозон ба сутунҳои ях мубаддал шуданд, зеро онҳо дар зимистони қаҳратун либоси сабук доштанд.

Ва билохира муҳимтарин нуктаи зидди Анвар Пошшо ин аст, ки дар замоне, ки кӯчи иҷбории ҳамаи арманиҳо, аз ҷумла пиронсолон ва занону кӯдакони онҳо ба биёбони Сурия ба вуҷуд омад, вай амалан ҳокими Импературии Туркия буд. Дар давраи қатли оми онҳо дар солхои 1915—1916 на камтар аз 664 ҳазор арман, аз ҷумла занон, пиронсолон ва кӯдакон ҳалок гардиданд. На ҳама туркҳои муосир инро наслкушӣ медонанд, аммо кам андар ками онҳо рад мекунанд, ки ин амал ҷиноят аст ва дар таърихи навини Туркия саҳифаи нангине буду ҳаст.

Анвар Пошшо – исломгаро–туркгарост

Анвар Пошшо ба ҷунбиши “Туркҳои ҷавон” тааллуқ дошт. Ин туркҷавонон бори аввал дар таърихи ҷаҳон кӯшиш кардаанд, ки зери парчами ҳаракати зиддимустамликавии мусулмонӣ ва миллӣ сиёсати хушунатомези фаромиллиро пеш баранд. Аммо шабакаи байналмилалии туркҳои ҷавон бо намояндагиаш дар Қоҳира, Шонгҳой, Қошғар ва Бухоро, ки баъзан бо услуби болшевикон Исломинтерн (Интернатсионали Исломӣ) ҳам номида мешавад, пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ танҳо дар назари аввал таъсирбахш менамуд. Дар асл, ҳамчун як омили сиёсӣ ин шабака хеле бесамар буд.

Анвар Пошшо ва тарафдорони эҳтимолии ӯ дар Осиёи Миёна ва Африқои Шимолӣ бо ҳамдигар робитаи устувор надоштанд. Он замон роҳҳои хуб, нақлиёт, телефон, почтаи боварбахш ва ғайра вуҷуд надоштанд. Зиёда аз ин, саркардагони шуришгарони маҳаллӣ нисбат ба роҳбарони худхонда, ки аз куҷое пайдо шуда буданд, кинавар буданд. Худи Анвар Пошшо ба қудрати панисломизм бовар намуда, хеле дер фаҳмид, ки Ислом ҳамчун нерӯи сиёсӣ он қадар пурзӯр ҳам набудааст. Ӯ хеле дер дарк намуд, ки ба дин ҳамчун як омили стратегӣ баҳои зиёдӣ додан лозим нест. Ва инро ҳам фаҳмид, ки мардумро танҳо барои он, ки ба як дин эътиқод доранду ба он пайравӣ мекунанд, дар як артиш муттаҳид кардан ғайри имкон аст.

Соли 1921 Анвар Пошшо дар Бухоро пайдо шуда, ҳанӯз намедонист, ки чӣ вартаи бузургест дар байни ҷадидони озодихоҳи ғарбгаро ва пайравони суннатпарасти Амир, ки бадбинии зиёди яксоне на танҳо ба низоми шӯравӣ доштанд, балки ба якдигар ҳам. Ӯ намедонист, ки мусалмон аз мусалмон фарқ дораду байнашон хусумат сахт аст. Ӯ фарқияти байни муҷоҳидини «ормонӣ», яъне “Қуръонӣ” ва муҷоҳидини «воқеӣ» - саркардагони роҳзанмаоби босмачигариро намедид. Ӯ намедонист, ки муттаҳид кардани туркҳои Олтой бо туркони Анадолу аз имкон берун аст ва чунин ғояи вуҷуд доштани як ҷомеаи фарҳангии «туркҳо» пайравони зиёде надорад. Анвар Пошшо ҳамчун пантуркист (пантуронӣ) ҳам муваффақ нашуд, зеро ҳатто бо узбакҳои Иброҳимбек забони муштарак пайдо карда натавонист.

Аммо аз нигоҳи таърихӣ Исломинтерн ва худи шахсияти Анвар Пошшо ҳам барои ҷунбиши одилонаи зиддимустамликадории мусулмонон ва ҳам барои ҷараёнҳои терруристии харобиовар, аз ҷумла фундаменталистон ва гуруҳҳои ҷиҳодии ҳозиразамон, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳони имруз амал мекунанд, ҳам саркарда ва ҳам манбаи илҳом буду ҳаст.

Охирсухан

Аз он ҷанги фаромӯшнашаванда дар Чагон сад сол гузашт. Пас аз пошхӯрии Давлати Шуравӣ тобистони соли 1996 дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон намояндагони раисиҷумҳури Туркия Сулаймон Демирел ҳамроҳ бо бостоншиносони тоҷик марқади эҳтимолии Анвар Пошшоро боз карданд. Дар он гӯр боқимондаҳои ду ҷасад ёфт шуданд. Дар даҳони яке аз онҳо ду тоҷи оҳании дандонпизишкиро пайдо карданд. Ва дар ин замина ва бар пояи чанд далели дигар ин ҷасадро ҳамчун ҷасади Анвар Пошшо шиносоӣ намуданд. Ҷасади дуввум шояд ҷасади Давлатмандбий буд. Рӯзи 4 августи соли 1996, расо 26 сол пеш аз имруз ва 74 сол пас аз он ҷанги фаромӯшнашаванда турбати Анвар Пошшо аз Тоҷикистон ба Туркия интиқол ёфт.

Ҳайати вакилони Туркия баъди бозгашт ба ватани худ 5 августи соли 1996 дар рӯзномаи «Туркия Дейли Нюз» гуфт, «аз он эҳтироме, ки аҳолии маҳаллӣ нисбат ба мазори қаҳрамони миллии Туркия зоҳир мекарданд, ба ваҷд омадаанд». (https://www.geocities.ws/enver1908/)

Ба назари ман, сокинони Балҷувон дар бораи шахсони дар он ҷо дафншуда тасаввуроти рӯшане надоштанд. Барои онҳо он мазор як ибодатгоҳ ва зиёратгоҳи дигаре буду ҳаст, ки мардуми атроф барои ҳалли мушкилоту баровардани ниёзҳои шахсии худ ба он ҷо меоянд ва аз сидқи дил бовар мекунанд, ки дар он ҷо як шаҳиде дафн шудааст ва Худованд ба онҳо барои иҷрои ибодат ба ин мазор аз шафоъатҳояш мебахшад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG