Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон қарори ихроҷи донишҷӯи тоҷикистониро содир кард


Додгоҳе дар Қирғизистон қарор содир кард, ки Исмоилхон Усмонов, донишҷӯ тоҷикистонӣ ба далели убури ғайриқонунии марз аз он кишвар ихроҷ шавад.

Сомонаи "Сводка" (АКИpress) менависад, бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 5-уми август Исмоилхон Усмонов, донишҷӯи 24-сола аз Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон гунаҳгор дониста шуд. Расонаҳо менависанд, Усмонов донишҷӯи риштаи дандонпизишкии факултаи тиббии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин аст.

Бо сабаби эълони пандемияву таҳсили фосилавӣ ӯ рӯзи 7-уми апрели соли 2021 ба Тоҷикистон рафт. Охири он моҳ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон низои мусаллаҳона рух дод ва ҳукумати Қирғизистон ба таври якҷониба марзашро баст.

Сентябри он сол дар донишгоҳ таҳсили ҳузурӣ барқарор шуд ва донишҷӯёнро ба идомаи хониш ба Бишкек даъват карданд, вале бо сабаби баста будани марз, донишҷӯи тоҷик натавонистааст аз сарҳад гузарад.

"Сводка" бо такя ба парвандаи додгоҳӣ мегӯяд, ки ин донишҷӯи соли охири донишгоҳ бо мақсади идомаи таҳсилу супурдани имтиҳонҳо дар шароити баста будани марз моҳи январи соли 2022 "ғайриқонунӣ" вориди Қирғизистон шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳолатҳоро эътироф карда гуфтааст, ки "ба хотири хатми донишгоҳ маҷбур шуд ба ин кор равад".

Додгоҳ дар қарори рӯзи 5-уми августаш шаҳрванди Тоҷикистонро барои “убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон” айбдор ва ӯро ба пардохти 80 ҳазор сом (963 доллар) вазифадор кард. Бо қарори додгоҳ, баъди пардохти ҷарима ин шаҳрванд бояд ба ватан ихроҷ шавад. Вале маълум нест, ки акнун таҳсили ин ҷавон дар донишгоҳ чӣ мешавад ва то куҷо ӯ метавонад бозбинии ҳукмро талаб кунад.

Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо ҳам беш аз 900 км марз доранду беш аз нисфаш ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, охири апрели соли 2021 шоҳиди муноқишаи пурхушунати мусаллаҳона гардид, ки дар натиҷаи он аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар рӯй додани ин муноқиша айбдор карданд. Баъди ин робитаҳои сиёсиву иҷтимоии ду ҳамсоя якбора бад шуд.

Баъди ним соли баста шудани сарҳади Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр Бишкек гуфт, ки нуқтаҳои мушаххаси марзӣ барои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёну омӯзгорон боз мешавад.

Вале мақомоти вазорати маориф ва вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷикистонии муассисаҳои олии Қирғизистон машварат доданд, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ кунанд, чун ҳолатҳои монеагузории сунъӣ ба таҳсилу ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ҷой дорад.

Ба маълумоти вазорати маорифи Тоҷикистон, соли таҳсили 2020-2021 дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Бишкек, Ботканд ва Ӯши Қирғизистон 1932 донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекарданд. Маълум нест чӣ миқдори ин донишҷӯҳо тавонистанд ба таҳсили худ идома диҳанд.

Дар соли хониши 2020-2021 дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин 79 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекард. Ба иттилои ин муассисаи олӣ, дар маҷмӯъ, ин донишгоҳро "500 мутахассиси соҳаҳои гуногун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон" хатм кардаанд.

XS
SM
MD
LG