Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азия-Плюс: Дар Тоҷикистон нархи орд ба ҳисоби миёна 20 сомонӣ арзон шуд


Дар Тоҷикистон нон бахши муҳими дастурхони ҳамарӯзаи мардумро ташкил медиҳад ва ҳама гуна тағйири нарх ба буҷаи оилаҳо таъсир мерасонад
Дар Тоҷикистон нон бахши муҳими дастурхони ҳамарӯзаи мардумро ташкил медиҳад ва ҳама гуна тағйири нарх ба буҷаи оилаҳо таъсир мерасонад

Ба навиштаи хабаргузории Азия-Плюс, дар бозорҳои Тоҷикистон нархи миёнаи халтаи 50-килоии орд 20 сомонӣ арзонтар шудааст. Дар шарҳи ин ҳолат мақомот гуфтаанд, ки афзоиши захираҳои орду гандум боиси поинтар шудани нархи маҳсулоти муҳими ғизои сокинони маҳаллӣ шудааст. Вале ба андешаи сокинон, сабаби асосӣ метавонад дар коҳиши талабот ва набуди шароити нигаҳдошти ҳаҷми калони орду гандум бо сабаби гармии сахт бошад.

Поинравии андаки нархи орду гандум дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, мегӯяд манбаъ. Дар Душанбе ҳам дар ярмаркаҳои ташкилкардаи мақомот нархи 50 кг халтаи орди навъи дуюм 300 то 320 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, мисли бисёр нуқоти ҷаҳон, ба вижа баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина дар поёни моҳи феврал, нархи гандуму орд якбора боло рафт ва мавриди норизоияти мардум шуд. Украина истеҳсолкунандаи азими гандуму орд дар ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG